Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ДАРДОШНО

18-07-2019, 09:30
Хабарро хонданд: 3181 нафар
Назарҳо: 0
                  ДАРДОШНО Ном ва кору пайкори ин абармарди фарҳангу сиёсат ва арсаи кору номоварии кишвар пайки шодиву фараҳ ва иттиҳоду ҳамбастагии миллати номвар ва гурдзои тоҷик мебошад. Сурати воқеан меҳрбору меҳргилу меҳрдилаш ифодагари ботини поки инсонӣ ва ватанхоҳиву ватанпарварӣ буда, хоса нафари поктинат дар сурати ӯ ёру бародар, дӯст, қавм, ҳамшаҳрӣ ва ҳамкеши деринашро медид. Бузургони фалсафаи атиқа ва илми инсоншиносӣ дар бузургтарин асарҳояшон, ки асрори ҳастии инсонро бозгӯӣ намудаанд, дар риштаи қиёфашиносӣ аз тарҳи рӯ, қиёфа, қомату бозу, дасту панҷа, сиришт ва сарнавишти инсонро хеле беғалат муайян намудаанд. Чини номвар дар тӯли таърихи беш аз сад ҳазор сол асрори шинохти инсонро ҳамчун илми ҷомеашиносӣ ва кишваркушоӣ манзури оламиён гардонида, бо василаи ин ковишҳои зеҳнии инсонӣ таърихи гузаштаи пешвоёнашонро мавриди омӯзишу тадқиқоти олимони хеш қарор дода, бо ифтихори зиёд барои пасовандони хеш ба мерос гузоштаанд. Қомати мавзун, ҷуссаи паҳлавонӣ, чеҳраи кушодаи меҳрбор, қошу мижгони ҳавасрез ва лутфу эҳсони малакутии Маҳмадулло Холов хоса бинандаро мутеи хеш месохт. Ҳар касе, ки нахуст бо ӯ рӯ ба рӯ мешуд, шарори меҳри чашмонаш лаҳзаҳои дароз ӯро маҳви гармии дидораш мегардонд. Дар симои муборак ва чеҳраи гарми меҳрбораш хоса бинанда як фарди соҳибэъҷоз ва роҳбари ғамхору меҳрубон ва ғамшарики хешро медид. Худованди замину осмонҳо ва бахшандагиву меҳрубониҳо ҳама хислатҳои инсониро дар сиришти ӯ рехта буд. Ин ҳамаро банда аз забони садҳо нафароне шунидаам, ки бо ин чеҳраи шинохтаи миллат, арбоби сиёсат ва фарҳанг, хирадманди дурандеш, ғамхору ғамшарики мардуми заҳматқарин, наврасону ҷавонон ва номбардорони кору пайкори зиндагӣ сарукор доштанд.
Роҳбари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мардумии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2000-ум дар ҷашни ҳаштодсолагии ин арбоби сиёсиву фарҳангии шинохтаи миллат гуфта буд: «Давлат ва Ҳукумати кишвар бо ин фарзанди номбардори миллат ифтихор намуда, қадрдонии онҳо аз ҷониби Роҳбарияти кишвар дар мадди аввал гузошта шудааст». Бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Роҳбари муаззами кишвар ҷашнҳои бошукӯҳи солгарди Роҳбарони собиқи Давлат ва Ҳукумати кишвар Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Ҷаббор Расулов, Мунаввар Шогадоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров ва Маҳмадулло Холов таҷлил гардида, хотираи неки онҳо шод гардонида шуд. Ин қадрдонии Роҳбари муаззами кишвар гувоҳи он аст, ки давлат ва ҳукумат арҷгузори арзишҳои миллӣ мебошад.
                  ДАРДОШНО
Соли 1960 ноҳияи собиқ Москва, ҳоло Мир Саид Алии Ҳамадонӣ. Маҳмадулло Холов ба сифати котиби аввали Ҳизби Коммунистии ин ноҳияи ҷанубии кишвар таъйин гардида буд. Ноҳияи навбунёд. Мардумонаш аслан аз ноҳияҳои собиқи Дашти-ҷум, Сари хосор, Ховалинг ва Балҷувон муҳоҷир гардида, заминҳои садсолаҳо ботлоқзору қамишзорро ба майдонҳои васеи пахтакорӣ ва зироату обчакорӣ табдил доданд. Корвони «Меҳнат шараф аст» бо тамомии суръат ба пеш мерафт. Қаҳрамонони арсаи меҳнат дар хоҷагиҳои навбунёди хеш шабону рӯзони дароз меҳнат намуда, қадамҳои устувори хешро барои ояндаи дурахшон бо номи созандагони ҷамъияти нави сотсиалистии мардумсолор мегузоштанд. Заминҳои кишти пахтазор лаҳза ба лаҳза васеъ гардида, «тиллои сафед» рамзи ободиву хуррамӣ ва ризқу рӯзии мардум гардид. Аввалин зинаи хоҷагидории пахтакорӣ ин зинаи зарбдори «Ленин»-ӣ буда, нахустин ҳосили «тиллои сафед» низ ғундошта шуд. Раиси номдори ин хоҷагӣ Мурод Раҳимов ба котиби аввали ҳизб дар мавриди иҷрои уҳдадории заҳмати хоҷагидорон ҳисобот дод. Аввалин маъракаи шодиву сур ба муносибати иҷрои уҳдадорӣ дар саросари хоҷагии ба номи В.И.Ленин барпо гардид. Дастаи ҳунари ҳунармандони ноҳия бо роҳбарии Ҳошим Қосим ва фарзандонаш Одинаву Абдулхайр базми осмонкафе барпо намуданд. Ин савту суруд ва шодиву сур борони раҳмате буд бар киштаҳои ормони мардум. Ин базми пуршукӯҳи мардумӣ заминаи таъсиси театри халқиро дар ноҳия ба миён овард. Ва баъди муддате чанд аввалин театри халқӣ дар навоҳии қаламрави Кӯлоб дар ноҳияи Москва дари худро ба рӯи ҳаводоронаш боз намуд. Театри халқии ноҳия бо машшоқону овозхонҳо ва мутрибони чирадаст таҳти роҳбарии Артисти халқии Тоҷикистон Ҳошим Қосим ба фаъолият оғоз намуд. Дере нагузашта роҳбарии театри халқиро бар дӯши овозхони ҷавони овозадор Одинаи Ҳошим вогузор намуданд. Ана ҳамин тавр, тантана ва ҷашнҳои маросимии «Ҳосил» ва ҷамъбасти сол охири фасли тирамоҳ бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Ва ба ғолибони арсаи заҳмати Шӯравӣ мукофотҳои Олии Ватан супурда мешуд. Эътибор ва шарафу номварии котиби аввали ҳизб то ба пойтахт Душанбеи азиз расид. Ҳамагон ӯро табрик мегуфтанд. Пахтакорони номвари хоҷагиҳои ноҳия қавл доданд, ки соли оянда бештар ҳосил ғундошта, обрӯву эътибор ва шарафи ноҳияро бештар хоҳанд намуд.
Котиби аввал дар ҳама лаҳзаҳо миёни мардум буд. Он қадар бо муҳаббат ва самимият ба мардум қарин гардида буд, ки ҳамагон ӯро на раис, балки ёру бародар ва як узви пайкараи арсаи кору пайкори хеш медонистанд. Хоҷагии овозадори ба номи В.И.Ленин арсаи кору пайкорҳои қаҳрамонӣ ба ҳисоб рафта, котиби аввал бештари вақти хешро дар киштзорҳои «тиллои сафед»-и ҳамин хоҷагӣ мегузаронд. Роҳбарони кордидаву корозмуда, пирони хиради ин хоҷагӣ Раҳмон Раҷабов, Раҳим Муродов, Гадоӣ Сафаров, Маҳмадулло Холов-ро ҳамчун фарзанд ва ёру бародар арҷ гузошта, ҳар амру супорише, ки роҳбарияти болоии ҳукумат мефармуд, саривақт бо сарбаландӣ иҷро мегардид. Аз ҳисоби даромади «тиллои сафед» кӯчаҳои хоҷагии ба номи В.И.Ленин мумфарш гардида, бинои нави мактаб сохта шуд. Зиндагӣ ва рӯзгори мардум дар як муддати кӯтоҳ рӯ ба беҳбудӣ оварда, эътибор ва шарафи роҳбарони хоҷагӣ таҳти сарварии котиби аввали ҳизб Маҳмадулло Холов пайки пирӯзии заҳматкашон гардид. Муносибат бо зердастон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия он қадар бо самимият ва муҳаббати баланди инсонӣ буд, ки ҳамагон Маҳмадулло Холов-ро аз қавм ва наздикони хеш медонистанд. Мувофиқи ахбори раиси деҳшӯрои «Дашти гуло», соли 1961-1963 беш аз сесад нафар хонаводаҳое, ки соҳиби писар гардиданд, беш аз сад нафари онҳо ба писарони хеш ба хотири хислатҳои баланди одамиятӣ ва муҳаббату самимияти баланди инсонии Маҳмадулло Холов номи поку пурбаракати ӯро ниҳодаанд. Муҳаббат ва садоқати ин роҳбари хирадманд ва ботадбири ватанхоҳу ватанпарвар ва дардошнову мардумӣ бо халқ ва ватан миёни мардум ва дар саросари арсаи корзори шарафёбӣ овозадор гардида буд. Ана дар ҳамин рӯзгори созандагиву ободонии кишвар, собиқ роҳбари аввали РСС Тоҷикистон Турсун Улҷабоевро бо овозаҳои гушношуниди изофанависӣ, аз кор сабукдӯш намуда, Ҷаббор Расуловро ба ҷои ӯ таъйин намуда буданд. Тамоми роҳбарияти зинаҳои болоии ҳизб аз ин воқеаи сангини гушношунид ба ҳарос афтода, аз тезии теғи замона ва таҳдидҳои сиёсии Ҳизби ҳокими Коммунист ба ларза уфтода на танҳо аёдат, балки номи як замон роҳбари ғамхору мушфиқ ва созандаву мардумии хешро ба забон оварда наметавонистанд. Оре, чунин бадномсозии шахсиятҳои шинохтаи сиёсӣ дар ҳама давру замонҳо бар бунёди иқтидори сиёсиву иқтисодии кишвар зарбаҳои маргборе мезад. Он рӯзҳои наҳси сиёсӣ ҳама роҳбарони сиёсии зинаҳои поёнии роҳбарии ҳизби Коммунист аз Турсун Улҷабоев рӯ гардонда ӯро дар канор гузошта буданд. Роҳбари нави сиёсии кишвар шахсияти шинохта, арбоби сиёсӣ ва ватанхоҳ Ҷаббор Расулов барои ба кор таъмин намудани собиқ роҳбари сиёсии кишвар Турсун Улҷабоев бо аксари роҳбарони зинаҳои роҳбарии поёнии ҳизб машваратҳои корӣ гузаронид, ки аксарияти онҳо аз тарси ҳокимияти абарқудрати Москва «ҳа» ё ин ки «не» гуфта наметавонистанд. Ягона роҳбари зинаи поёнии ҳизб, котиби аввали ҳизби коммунистии ноҳияи Москва Маҳмадулло Холов буд, ки бо ҷасорат ва матонату қаҳрамонӣ ӯро пазируфт ва ба маснади директори совхози «Метан-туқай» таъинаш намуд. Бинобар ибораи Абуахлоқ шайх Саъдии Шерозӣ:
Ба дил гуфтам кадомин шева душвор аст дар олам?
Нафас дар хун тапиду гуфт: «Поси ошноиҳо!»
Бо сипос ва аҷру эҳтироми зиёд ин роҳбари овозадори собиқ ҳизби ҳокими кишвар на танҳо бо кор таъмин гардид, балки дар натиҷаи роҳбарии ғамхорона ва хирадмандонаи ин марди ватанхоҳу ватанпарвар ва дардошнои мардум аз нав ба Ҳизб барқарор гардида, бо мукофоти Олии Ватан Грамотаи фахрии Ҳизби Ҳоким сарфароз гардида, то вопасин нафас бо сипоси бепоён аз Маҳмадулло Холов ёд мекард. Оё ин матонату қаҳрамонӣ ва ватанхоҳии ин арбоби сиёсӣ ва хирадманду ватанхоҳро метавон фаромӯш кард? – Зинҳор ки не…
Ин арҷгузорӣ нишони баландтарини мардумӣ будани Маҳмадулло Холов мебошанд. Пирони хирад ва рӯзгордидаи ноҳияи Москва беш аз шаст сол боз аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Қиссаҳо аз рӯзгори Маҳмадулло Холов намуда, фарзандони хешро дар симои ӯ ва кору пайкори ватанхоҳияш тарбият намуда, ба ахлоқи поки хонаводагии ӯ тақлид менамоянд. ӯ на танҳо роҳбари ғамхор ва хирадманду бофазл, балки падари меҳрубон ва пурифтихоре барои даҳ нафар фарзандони арҷманди хеш буд. Фарзандони арҷманди ин абармарди фарҳангу сиёсати миллӣ бо эътибор ва шарафи хеле баланди инсонӣ соҳиби маълумоти олӣ гардида, номбардори падари бузургвор ва модари биҳиштмаъвояшон буда, ватан ва миллат аз ин хонаводаи пурифтихор шарафёр мебошад. На ҳар роҳбар метавонист, ки даҳ нафар фарзандро бо ифтихор ва эътибори баланди инсонӣ тарбия намуда, дар хидмати халқу ватан раҳсипорашон созад. Имрӯз фарзандони арҷманди ин хирадманди равшанзамир ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон буда, бо фарзандон ва навагони хеш давоми умри пурбаракати Маҳмадулло Холов мебошанд. Чароғи хирадафрӯзи хонадони ӯ муҷалло буда, ин нур ба ҳама торикиҳои рӯзгори мардум рӯшанӣ меафканад. Ин аст шарти аввали роҳбари мардум будан. Ҳамин мардуми заҳматкаши рисқофари ноҳияи Москва Маҳмадулло Холов-ро фарзанди арҷманди хеш хонда, дар симои ин абармарди таърихи кору пайкори миллӣ гузаштаи пурифтихорашонро ба фарзандон ва навагони хеш омӯзонда, ба таъкид мегӯянд, Маҳмадулло Холов бо дуову тадбир ва нони ҳалоли аҳли заҳмати ноҳияи Москва ва фотиҳаи пирону азизони Хатлон ба маснади Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон расида буд.
                  ДАРДОШНО
Оре, мардумсолорӣ, ватанхоҳиву ватанпарварии Маҳмадулло Холов-ро садҳо ҳамсафони ӯ қисса намудаанд. Аммо мардумӣ будани ӯро аз забони мардумоне мебояд шунид, ки дар арсаҳои кору пайкори номварӣ паҳлуи ҳам буданд. Охир, то маснади Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон омадан ӯ тӯли бист соли роҳбарӣ дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ – аз раиси деҳшӯро, роҳбарии комсомол, раиси Кумитаи иҷроия ва котиби аввали Ҳизб бо мардум паҳлу дар паҳлу заҳмат кашидааст. Миёни ин ҳама маснаду мақомҳо дар мақоми котиби аввали Ҳизби Коммунистии ноҳияи Москва кор карданаш ӯро хеле овозадор намуд. Ноҳияи Москва оғози солҳои шастуми садаи гузашта бо мардони номвари арсаи кору пайкор, бо ҳунармандони номдору таҳамтанони номвараш миёни тамоми навоҳии собиқ вилояти Кӯлоб ангуштнамои эътибор ва шони вилоят буд. Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Москва дар тамоми ҷабҳаҳои меҳнат номвару номбардори Тоҷикистони азиз буданд. Заҳматкашони ноҳия бо ҳунар ва истеъдоди фавқулодаашон на танҳо дар вилояти Кӯлоб ва Тоҷикистони азиз, балки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ангуштнамои давр буданд. Гувоҳи ин ҳама метавон маҳсули дасти заҳматкашони ноҳияро, ки се маротиб дар намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони Шӯравӣ дар Москва ба намоиш гузошта шуданд, ном бурд. Ин ҳама талошҳои ватанхоҳона ва созандагӣ дар замони роҳбарии Маҳмадулло Холов шуҳрату шони аҳли заҳмати ноҳияи Москваро вирди роҳбарияти ҷумҳурӣ намуда буд. Роҳбари аввали Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ, шахсияти шинохта, арбоби сиёсӣ Ҷаббор Расулов бо раисони номдори хоҷагии ба номи В.Н Ленин Раҳмон Раҷабов ва Мурод Раҳимов, ки хеле номвар ва номдор буданд, иртиботҳои мустаҳками корӣ дошт. Хоҷагии пахтакории ба номи В.И.Ленин аввалин маркази маъмурии ноҳияи собиқ Москва буд, ки бо тарҳи нави замонавӣ сохта шуда, ноҳияи Москва бо тамоми воҳидҳои кориаш дар заминаи ҳамин хоҷагӣ арзи ҳастӣ намудааст. Толори фарҳангӣ ва кинову намоишҳои оммавӣ, китобхонаи ба тамоми меъёрҳои замони Шӯравӣ ҷавобгӯ, Шӯрои деҳот, мактаби нав, комплекси чорводорӣ аввалин роҳҳои мумфарш ва мардуми соҳибтамаддуну меҳнатқаринаш ангуштнамои давру замонҳо буданд. Ҳамин ободиву хуррамӣ ба сарсабзиву маърифатпарварии мардумон будааст, ки ҳокимияти марказии кишвар ба ин марзи зархез таваҷҷуҳи хоса доштанд. Ду маротиба роҳбари аввали сиёсии кишвар Ҷаббор Расулов дар замони роҳбарии Маҳмадулло Холов ба хоҷагии овозадори ба номи В.И. Ленин ташриф оварда, роҳбари хоҷагӣ, раиси овозадор Мурод Раҳимов-ро бо ду ордени Ленин сарфароз гардонидааст. Ин ҳама пешравиҳо бо шарофати мақдами мубораки роҳбари мардумӣ, инсони адолатпешаву адолатпарвар, хирадманди соҳибфарҳанг Маҳмадулло Холов ба миён омада, муҷассамаи тилоии ӯ дар қалби поки мардуми равшанзамири ноҳияи Москва нақши абадии хешро гузоштааст. Аз рӯи одати аҷдодӣ Маҳмадулло Холов бо тамоми пирони рӯзгордида, қаҳрамонони арсаи кору пайкори мардумӣ, муаллимони варзида. собиқ роҳбарони хоҷагиҳо, ки давлати пирӣ меронданд, алоқа барқарор намуда, ба аёдаташон мерафт. Дастгирии иҷтимоӣ ва бохабар будан аз ҳоли онҳо ӯро бо мардум хеле ва хеле наздик намуда буд. Маҳмадулло Холов, ки фаъолияти меҳнатиашро аз синни шонздаҳсолагӣ оғоз намудааст, аз мизу чавкии муаллимӣ то ба роҳбарӣ, ӯ ҳамчун мураббӣ ва муаллими касбӣ бо мардум муносибати падарона дошт. Ҳамин ғамхориву ғамшарики мардум будан – аз дарди онҳо хабар доштанаш дар ҳар куҷо, ки ӯ ҳамчун роҳбар фаъолият намудааст, ӯро бо мардум ва мардумро бо ӯ наздик намудааст. Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, донистани расму суннатҳои миллӣ, бохабарӣ аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва адабиёти мардумӣ амалҳои ирсие буданд, ки дар сиришти ӯ аз ҳафт то ба ҳафтод пушташ омада, ӯ на танҳо ҳамнишини мардум ва аҳли ҳунар, балки ба адибони шинохтаи кишвар устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Солит Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Ҳадиса Қурбон, Гулрухсор ва нафарони зиёди дунёи ҳунару эҷод иртиботҳои қавие дошт, ки ҳамаи ин ҳамнишинӣ барои адабиёт ва фарҳанги кишвар манфиати бештаре оварда, бо дастгирии бевоситаи ин марди хирад, биёре аз шоирону нависандагону ҷавон соҳиби хона ва арҷу эҳтироми раҳбарияти сиёсии кишвар гардиданд. Аксари кулли муаллимон, зиёиёни касбу кори гуногуни роҳбарӣ ба ӯ тақлид намуда, ҳалимӣ, нармӣ, нармгуфторӣ ва бо тамкин ба мардум муроҷиат намудани ӯро пешаи кори худ қарор дода буданд. Муносибаташ бо аҳли калом ва ҳунар он гуна буд, ки гӯиё солҳои дароз роҳбарии хонаи ҳунарро бар дӯш дошта бошад. Савтҳо ва сурудаҳои мардумашро хеле ва хеле дӯст медошт. ӯ бо аҳли ҳунар ва санъати мардумӣ, махсусан бо овозхонҳои хушсалиқа ва машҳури кишвар, аз қабили Иброҳим Кобулиев, Саид Аброр, Саймудин, Сурхи Салоҳ, Ҳошим Қосим, Аҳмад Бобоқулов Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёз, Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Барот Яхшӣ, Шумқор Одинабек ва даҳҳо нафари дигар муносибатҳои дӯстона дошта, ҳангоми истироҳат бо онҳо ҳамнишинии фарҳангии пурбаракате дошт. Ногуфта намонад, ки ҳамин гуна муносибати хубу гуворо бо аҳли ҳунари кишвар шодравон Абдулаҳад Қаҳҳоров собиқ раиси Ҳукумати кишвар низ доштанд. Дарки баланди маънӣ ва завқи баланди шинохти мусиқӣ ва сурудҳои мардумӣ ин ду арбоби шинохтаи сиёсӣ ва фарҳангии кишварро ҳамнишини аҳли ҳунар намуда буд. Дар ноҳияи Москва, ки хиттаи ҳунархез ва ҳунарпарвар буд, бо пири ҳунармандони ин хитта Ҳошим Қосим хеле наздик буданд. Маҳз бо ибтикори Маҳмадулло Холов соли 1960 Ҳошим Қосимов бо унвони Артисти Халқии РСС Тоҷикистон сарфароз гардида, се сол баъд боз бо дасгирии бевоситаи ӯ писари Ҳошим Қосим Одина Ҳошим дар синни бисту шашсолагӣ бо унвони пурифтихори Артисти Халқии РСС Тоҷикистон сарфароз гардида буд. Миёни мардуми одии ноҳияи Москва Маҳмадулло Холов намунаи барҷастаи ахлоқ ва самимияти поки инсонӣ садсолаҳо боқӣ хоҳад монд. Баъд аз он, ки Маҳмадулло Холов аз маснади котиби авали Ҳизби Коммунистии ноҳияи Москва ба маснади Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омад, то вопасин нафас алоқаашро аз мардум зинҳор ва зинҳор қатъ накард. Ҳар мушкилие, ки садди роҳи фаъолияти меҳнатии аҳли заҳмати ноҳия мегашт, ба Маҳмадулло Холов муроҷиат менамуданд. Ва Маҳмадулло Холов низ бо ин мардум он қадар меҳру муҳаббат ва самимият дошт, ки гӯё як пораи қалбаш миёни ин мардум то абад гузошта шуда буд.
Воқеаҳои нангини миёнаи солҳои шастуми садаи гузашта. Ҳангоме ки Маҳмадулло Холов дар маснади Раиси Президиуми Совети РСС Тоҷикистон кор мекард, миёни хоҷагии овозадори ба номи В.И.Ленин ва Киров-и ноҳияи Москва муноқишаи мардуме ба миён омад, ки оқибати он метавонист ба фоҷиаи миллӣ анҷом биёбад. Овозаи ин муноқиша ба гӯши Маҳмадулло Холов расида, дарҳол ба ноҳияи Москва меояд. Раиси номдори хоҷагии пахтакории «Киров» Гадоӣ Сафаров, ки шахсияти хеле ва хеле соҳибэътибор ва хирадманду мардумпарвар, вакили Маҷлиси Олии Мардумӣ буд бо дасисаи чанд иғвогар барканор гардида, роҳи ба кор омаданашро баста буданд. Маҳмадулло Холов, ки Гадоӣ Сафаровро ҳамчун роҳбари кордон ва соҳибэҳтирому мардумӣ хеле эҳтиромаш дошт, ин низоъ ва хархашаи қавмиро ором намуда, мардумро ба ҳам овард. Ин хирадмандӣ ва кордониву мардумпарварии Маҳмадулло Холов бисёре аз минтақаҳои кишварро аз вартаи ҳалокати қавмӣ наҷот бахшидааст. Ҳамин истеъдоди фавқулода ва ватанхоҳиву мардумпарварии ӯ буд, ки пирони рӯзгордидаи оғози солҳои навадум, ки шоҳиди воқеаҳои нангини озори мардуми меҳнатқарин буданд, бо дарду ҳасрат мегуфтанд: «Ай кош ва сад кош, ки рӯҳи поки ба ҳақ пайвастаи Маҳмадулло Холов бархезаду ин чанд бешарафи иғвогарро ба ҷояшон шинонад. Ва лаҷоми аспи ҷаҳли онҳоро бигирад, то ин ҷаҳолатпешаҳои худфурӯш кишварро ба вартаи ҳалокат накашанд». Оре, ин ҳама комилан аз сидқ ва фаросати баланди инсонӣ буд. Худованд мисли шодравон Маҳмадулло Холов шахсияти ватанхоҳу ватанпарвар, миллатдӯсту сулҳофар ва мардумиву мардумпарвар Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади Раиси Президиуми Совети Олии кишвар дар либос ва тарҳи нав рӯи кор овард. Бо матонату қаҳрамонӣ ва шарафу номуси миллӣ ва фарҳангу фаросати баланди инсонӣ забони оташи ҷанги хонумонсӯзро бурида, сулҳу якпорчагиро умри дубора бахшид.
Хонадони бобои Маҷид ва кампири Тобус дар ноҳияи Москва барои Маҳмадулло Холов кулбаи падариро ба ёд меовард. Дар симои ин ду соҳибхонаи пурарҷу эҳтиром падару модари хешро медид. Фарзанди ин хонадон Темурро, ки хеле дар сурату сират шабеҳи Холов буд, ҳамагон бародарзода ё фарзанди ӯ ном мебурданд. Иртиботҳои аксари кулли мардуми ноҳия бо василаи Темур ба ӯ пайванд мегашт. Худи Маҳмадулло Холов Темурро зиёд арҷгузорӣ менамуд. Дониш ва фаросати баланди инсонӣ ва ахлоқи ҳамидаи Темур эҳтибори ӯро миёни аҳли зиё ва фарҳангу фаросати минтақаи Кӯлоб хеле шуҳратёр намуда, ҳама аҳли хирад ва тақво ба ӯ эҳтироми хосса доштанд. Дар ҳама нишастҳо миёни мардум Темурро бо худ мехонд. Он қадар онҳо дар қаду баст, дар сирату сурат шабеҳи ҳам буданд, ки то ҳанӯз мардум Маҳмадулло Холовро фарзанди бобои Маҷид ва кампири Тобус ном мебаранд. Вале умр ба бобои Маҷид ва момаи Тобус он қадар вафо накард. Темур аз сактаи дил 1 ноябри соли 1980 аз дунё ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Худи ҳамон рӯз Маҳмадулло Холов аз ин фоҷиа огоҳ гардида, ба видояш омад. Ҳолати сангини рӯҳии Маҳмадулло Холовро пирони рӯзгордидаи деҳ бо дарду алами зиёд қисса намуданд. Яъне Маҳмадулло Холов фарзанди азизи тамоми Тоҷикистон буда, саропои кишвар барои ӯ эътибори зиёде дошт. Оре, чунин фарзандони фарзонаи миллат чироғҳои абадии қалби садҳо ҳазор созандагони Ватан буда, ояндагон бо шуо ва нури абадии ин чароғҳо роҳи фардоро рӯшан хоҳанд намуд. Ҳанӯз соли 2000-ум ҳангоми ҷашни ҳаштодсолагии ин абармарди дунёи сиёсат ва фарҳанги кишвар Роҳбари муаззам - Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори бисту ду медали Ҳукумати Шӯравӣ, ду ордени баландпояи Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва як ордени Инқилоби Бузурги Октябр бо нишони пурифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол ордени Исмоили Сомонӣ пас аз марг ӯро қадрдонӣ намуд. Ин қадрдонии Роҳбари муаззами кишвар ба ин арбоби шинохтаи сиёсӣ ва фарҳангии кишвар нишони бузурги ватанхоҳиву ватанпарварӣ ва арҷгузорӣ аз фарзандони номдори ватан мебошад.
Инак, соли 2020 садсолагии шахсияти барҷастаи сиёсӣ, арбоби шинохтаи фарҳанг, роҳбари хирадманд, собиқ Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадулло Холов фаро хоҳад расид. Ҳамагон аз ин чеҳраи мондагори миллат ёд хоҳем кард ва бо кафи пур аз дуо аз забони Ҳофизи бузургвор хоҳем гуфт:
Баъд аз вафот турбати мо аз замин маҷӯ,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.


Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: