Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МУВАФФАҚИЯТҲО ҲАСТАНД, КАМБУДИҲО НИЗ

МУВАФФАҚИЯТҲО ҲАСТАНД, КАМБУДИҲО НИЗ

12-02-2021, 10:11
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
МУВАФФАҚИЯТҲО ҲАСТАНД, КАМБУДИҲО НИЗ

Аз 1 то 3 феврали соли ҷорӣ дар асоси фармоиши муовини якуми раиси ҲХДТ ҷиҳати иштирок дар маҷлисҳои ҷамъбастии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон ҳамчун намояндаи масъули дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ноҳияҳои мазкур сафари корӣ анҷом додем.

Носири Хусрав


Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҷлисгоҳи калони Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки аъзои раёсат, кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Даврон Нишон аз рӯйи 5 масъала баргузор гардид.
Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ализода С. оғоз бахшида, тибқи тартиби муқарраргардида рӯзномаи кориро ба овоз монд.
Зимни ироаи гузориши раиси кумитаи иҷроияи ҳизб «Дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар соли 2020» таъкид гардид, ки бо мақсади бо низом ба роҳ мондани фаъолияти идеологӣ дар ноҳияи Носири Хусрав маҷмӯи нишондиҳандаҳои асосӣ банди фаъолияти муайян иборат аз 12 самт тартиб дода шуда, дар шакли ҷамъоварии маълумоти оморӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои муқарраршуда, таҳлилу баррасӣ ва иҷрои дастурҳои мақомотҳои болоии ҳизб ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ошкоршуда бо реҷаи ҳармоҳа татбиқ мегарданд.
Дар сатҳи ноҳия афзоишёбии шумораи аъзои ҳизб дар соли 2020 дар асоси супоришҳои роҳбарияти ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ таҳкими низоми ҳаракати ҳизб сурат гирифт. Дар ноҳия боло рафтани нуфузи ҳизб ва афзоиши солонаи аҳолӣ (2%) зарурат пеш омадааст, ки динамикаи аъзошавӣ ба ҳизбро афзоянд. Воқеият он аст, ки як соли охир ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони Кумитаи иҷроия тарғиботро бобати аъзокунӣ ба ҳизб боз дошта, машғули таҳкими ҳайати сифатӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани фарҳанги аъзогӣ ва иҷро кардани уҳдадориҳои ҳизбӣ буданд. Тавсия дода шуд, ки ҳамзамон, корҳои тарғиботӣ тақвият шаванд, то дар раванди тозакунии сафи ҳизб динамикаи рушд таъмин гардад.
Ҷамъоварии саривақтии ҳақи узвият масъалаи баҳснок ва аввалиндараҷа мебошад. Тибқи таҳлилҳо, дар давоми соли 2020 ин рақам дар сатҳи ноҳия бо дарназардошти аъзои пардохткунандаи ҳизб ҳамагӣ 64,4 фоизро ташкил дод, ки мутобиқан нишондоди хеле паст аст. Мутобиқи натиҷаи муқоисакунӣ ҳудуди 35,4% аъзо ҳақи узвият напардохтанд, ҳарчанд теъдоди ками ин гурӯҳро аъзои озод ташкил медиҳад. Сабабу омилҳои ин камомад тибқи таҳлилу омӯзиши раиси кумитаи иҷроияи ҳизб чунинанд: камфаъолии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ - иҷро нагардидани уҳдадории оинномавӣ оид ба ҷамъоварии ҳаққи узвият аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ; фаъолияти заифи ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳот. Қисми зиёди аъзои ҳизб - насупорандагони ҳақи узвият ба сокинони маҳаллаву деҳот рост меояд; камаҳамиятии кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия ҷиҳати фаъолгардонии маъмурияти ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳот; дар сатҳи зарурӣ тоза нагардидани сафи аъзои ҳизб (фавтидагон, ба нафақа баромадагон, донишҷӯён, кӯчидагон ва ғ.); мавҷуд набудани механизми пардохт шудани ҳаққи узвият аз ҷониби муҳоҷири меҳнатӣ.
Асоси фаъолияти ҳизбро ташкилоти ибтидоӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав 46 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин 23 ба ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳот рост меоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ бинобар пеш омадани ду омил - маъракаи интихоботӣ ва пандемияи коронавирус теъдоди зиёди чорабиниҳои амалию оммавӣ гузаронида шуданд, ки дар қиёс даҳҳо маротиб бештар нисбат ба соли гузашта арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Коммисариати ҳарбӣ 23 нафар ҷавонони синни даъвватӣ барои азхуд намудани касби ронандагӣ бе пул аз ҳисоби соҳибкорон маблағгузорӣ шуда, ихтиёран ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳ ба хизмат фиристода шуданд. Ноҳия дар 4 соли охир дар миқёси вилоят якумин шуда, нақшаи даъватро иҷро менамояд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти таблиғу ташвиқотии сохторҳои ҳизбиро таҳия ва паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ ташкил медиҳад. Дар ноҳия гурӯҳи таҳлилӣ иборат аз 28 вакил аз ҳизб пешбаришуда ташкил шудаааст. Дар ин давра, 54 вокунишу андеша таҳия ва дар ВАО нашр гардиданд. Дар ин самт, мушкилоти асосӣ маҳдуд будани имконияти дастрасии таҳлилгарон ба шабакаи интернет ва дастгоҳу таҷҳизоти компютерӣ мебошад. Зарурат аст, ки тарзи коргузорӣ бо гурӯҳи таҳлилгарон такмил дода шуда, механизмҳои ҳавасмандгардонӣ, фаъолнокии онҳо коркард ва бо тарзи муносиб ба роҳ монда шавад.
Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар 12 деҳаи Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» биноҳои кумитаи маҳалла бо усули ҳашар сохта шуд, ки як хонаи онҳо ҳуҷраи кории раиси ташкилоти ибтидоии деҳа мебошад. Инчунин, бо дастгирии молиявии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот маблағгузории сохтмони бинои маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ замин ҷудо гардид.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Раиси ноҳия Даврон Нишонзода ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров бо масъулияти комил ва вазифагузориҳои мушаххас баромад намуданд.
Шаҳритус
МУВАФФАҚИЯТҲО ҲАСТАНД, КАМБУДИҲО НИЗ

Дар толори ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, муовини раиси ноҳия Меҳринисо Раҷабзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва ноҳия ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.
Онро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Ш.Ҳомидзода ҳусни оғоз бахшида, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома баромад намуд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳайати худ 89 ташкилоти ибтидоиро дар бар гирифта, 5351 нафар аъзоро муттаҳид намудааст, ки аз онҳо 2172 - нафарашон занон буда, аз шумораи аъзои ҳизб 1589 нафарро ҷавонон ташкил медиҳад.
Маълум гардид, ки дар давоми соли 2020 ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Шаҳритус бо ҷалби кормандони кумитаи иҷроия ва аъзои гуруҳҳои таблиғотӣ дар 81 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои гуногунро доир намуданд.
Дар маҷмӯъ, 817 чорабиниҳо бо фарогирии 53106 нафар интихобкунандагон баргузор шуда, 3 ҳазору 718 варақаҳои иттилоотӣ, 1267 лавҳаҳои инъикоскунандаи фаъолияти номзад ҷиҳату тарғибу ташвиқи васеъи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва 89 шумора Барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дастрас гашт.
Дар асоси нақшаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус «Ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»» аз ҷониби масъулини ҳизбӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус аз 21 то 31 декабри соли 2020 дар як қатор ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мулоқоту вохӯрӣ ва усули “хона ба хона” ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди он, пардохти қарзи истифодаи неруи барқ, истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ёрирасон (президентӣ), кишти тирамоҳӣ, кишти картошка, ниҳолшинонӣ ва пешгирии буридани дарахтон, ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи оилавӣ қайд намудани соли нави мелодии 2021, расонидани кумаки моддӣ ба маъюбон, оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, мактаб-интернат ва қисмҳои низомӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ҷавонон ва ғайра гузаронида шуданд.
Матбуот чашму гӯши халқ аст. Боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад, ки кормандони ҳизбӣ ва аъзои фаъоли мо дар ин бобат камҳавсалагӣ карда, бо васоити ахбори омма, махсусан, ҳафтаномаи марказии ҳизб “Минбари халқ” кам ҳамкорӣ мекунанд ва ба таври бояд дар маъракаи сиёсии “Обуна-2021” иштироки қаноатбахш надоштанд. Иҷрои нақшаи обуна аз тарафи як қатор ташкилоти ибтидоӣ - “Идораи хоҷагии манзили коммуналӣ”, Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров дар сатҳи паст қарор гирифт, ки ин омил ба фаъолияти корӣ бетаъсир нест. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар назди Почтаи тоҷик нисбат ба масъалаи хизматрасонӣ қарздор мебошад.
Дар соли сипаригашта бо дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус баҳри ба низоми муайян даровардани ҳаракати аъзои ҳизб ҳамаи 7526 нафар аъзои ҳизбро аз рӯи варақаҳои шахсии ҳизбияшон ба рӯйхати электронӣ ҳар як ташкилоти ибтидоӣ дохил намуд. Ин рӯйхати электронӣ имкон дод, ки сифати ҳаракати аъзои ҳизбро муайян сохта, вобаста ба он бо ҳар як аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ баҳои мушаххас гузошта шавад. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус аз 10 июл то 10 октябри соли 2020 дар 89 ташкилоти ибтидоӣ муқоисакунонии аъзои ҳизбро ном ба ном гузаронид. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти касбии раисони ташкилоти ибтидоӣ чор семинар-машварат гузаронида шуд.
Тавре дар ҳисобот таъкид шуд, масъулини ҳизбӣ ва ҳамаи аъзои ҳизбро, ки дар мақомоту сохторҳои дигари давлативу ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, зарур аст ба ҳама иғвою ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолими мухолифони сиёсӣ сари вақт баҳои воқеӣ ва ҷавоби муносиб диҳем. Дар ҳамаи самтҳои фаъолияти худ ба бетарафӣ роҳ надиҳем ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошта бошем.
Дар ин давра, бо ҳамоҳангии кормандони ҳизбӣ 6 вокунишу андешаҳо таҳия ва дар шабакаи Интернет нашр гардиданд.
Аснои сафар ба ноҳияи Шаҳритус аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои ҳизбӣ дидан намудем. Тавре раиси кумитаи иҷроия Ҳ.Шарифзода иттилоъ дод, дар назар аст, ки бинои мазкур аз 2 ошёна, 1 толор ва 6 утоқи корӣ иборат буда, бо пайдо шудани сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ дар наздиктарин фурсат ба истифода дода шавад.

Қубодиён
МУВАФФАҚИЯТҲО ҲАСТАНД, КАМБУДИҲО НИЗ

3 феврали соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Қубодиён доир гардид.
Дар кори маҷлис узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак, аъзои кумитаи иҷроия, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок доштанд.
Маҷлисро бо сухани ифтитоҳии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадаюб Шарифзода оғоз намуд. Дар кори маҷлис 8 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз рӯи масъалаи якум ва дуюми рӯзнома дар назди ҳозирин ҳисобот дод.
Доир ба масъалаи 3-юми рӯзномаи маҷлис аъзои гурӯҳи вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳилолӣ Рӯдоба доир ба фаъолияти вакилон дар соли 2020 гузориши муфассал пешниҳод кард.
Дар идомаи кори маҷлис раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак суханронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам қавӣ гардонидани мавқеи ҳизб дар ноҳия ва амалисозии ҳадафҳои барномавӣ таъкид дошт.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён то имрӯз аъзои умумии ҳизбро ба 8966 нафар расонид, ки аз ин шумора занон 4410 нафар, ҷавонон - 4368 нафар, муҳоҷирон – 342 нафарро ташкил медиҳад. Нисбат ба омори моҳи декабр кам шудани аъзои ҳизб аз қаламрави ноҳия хориҷ шудани кормандони соҳаҳои гуногун, донишҷӯёне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо дар коллеҷҳои тиббиву омӯзгорӣ таҳсил менамуданд ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.
Бо ташаббус ва ҳидояти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия роҳҳои маҳаллӣ сангфарш шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи И.Ниёзов ва ӯ.Назаров 3,1 км роҳ мумфарш гардиданд. Айни ҳол сохтомони як маркази саломатии деҳаи Зиракӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи И. Ниёзов бомаром идома ёфта, истифодабарии он дар арафи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Бо назардошти вазифаю чорабиниҳои дарпешистода масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияро зарур аст, ки барои рушди инфрасохтори деҳот фаъолияти хешро вусъат бахшанд. Маводи дар ВАО нашршударо мавриди таҳлили амиқ қарор дода, таъсири манфии онҳоро, ки дар ҷомеа метавонанд ҳисси бадбиниву инкорро эҷод кунанд, пешгирӣ намоянд ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои башарӣ ҳодисаҳоро инъикос намоянд.

Илҳомҷон ҲАМИДИЁН,
мудири шуъбаи таблиғот
ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: