Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Семинари омӯзишӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ

Семинари омӯзишӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ

26-10-2015, 15:24
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара силсилаи семинарҳои омӯзишӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ доир карда шуда истодааст. Ин гуна семинар дар толори кумитаи иҷроия бо ширкати раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Шаҳрак сурат гирифт.

Дар раванди он раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Б.Асадуллоев перомуни нақши раиси ташкилоти ибтидоӣ дар фаъолияти ҳизбӣ, масъулиятшиносии ӯ ва ҳамуадами замон буданаш ибрози андеша намуда, қайд кард, ки агар ташкилотҳои ибтидоӣ асоси ҳизбро ташкил диҳанд, пас раиси ташкилоти ибтидоӣ меҳвари ин асос ба ҳисоб хоҳанд рафт. Бинобар ин бояд аз нигоҳи сиёсӣ худи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мусаллаҳ гарданд ва аз ҳама гуна рӯйдодҳои сиёсиву фарҳангии ҷомеа ва ҷаҳон огоҳии саривақтӣ пайдо кунанд. Ба ин хотир дар ташкилотҳои ибтидоӣ роҳандозии мунтазами соатҳои сиёсӣ мувофиқи мақсад ва талаби замон ба ҳисоб меравад.

Муовини раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ М.Алиматова бошад, дар семинар дастурҳои заруриро оид ба пардохти саривақтии ҳаққи узвият, раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва қабули аъзоёни нав пешниҳод кард. Аз ҷумла таъкидан иброз дошт, ки бояд ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидҳоӣ дар асоси санадҳои марбутаи ҳизбӣ сурат бигиранд. Семинари омӯзишӣ дар доираи ибрози озоди андеша ва омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар сурат гирифт.
©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: