Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пешбарии номзад аз ноҳияи Қубодиён

Пешбарии номзад аз ноҳияи Қубодиён

13-01-2020, 16:21
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Пешбарии номзад аз ноҳияи  Қубодиён
Дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кубодиён №31 бо иштироки Мирзошоҳрух Асрорӣ –раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло Курбоналӣ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Саидов Амирбек - раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Кубодиён № 31 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарофзода Ҳомидҷон - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва Ализода Сурайё - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар конференсия, ки 13 январ дар маркази ин ноҳия доир шуд, инчунин фаъолон, собикадорони ҳизбу меҳнат ва меҳмонон аз сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва ѓайриҳизбӣ иштирок карданад.
Бинобар сабаби он ки ба ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кубодиён № 31 кисми ноҳияҳои Кубодиён, тамоми каламрави ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав дохиланд, бо дарназардошти моддаи 31-и Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриде, ки ҳудуди ҳавзаи интихобот дар каламрави ду ва зиёда ноҳия ва шаҳрро дар бар гирад, пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ба ин ҳавза дар Конференсияҳои якҷояи ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизби сурат мегирад. Дар ин ҳолат ба ин ҳавза як номзад пешбарӣ мешавад.
Дар асоси протоколи комиссия ҳисобкунии овозҳо вакилони Конференсия номзадии Файзуллозода Зафар Хайрулло – раиси ноҳияи Кубодиёнро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кубодиён №31 пешбарӣ намуданд.
Ю. Солеҳ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: