Конференсияи 8-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод17-05-2017, 14:39
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
НУРОБОД. Дар Конференсияи 8-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод аз 126 вакил 116 нафар иштирок карданд. Нахуст ҳисоботи Махсумҷон Абдуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар давраи аз моҳи октябри соли 2014 то моҳи майи соли 2017 шунида шуд. Вай аз ҷумла иброз дошт, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ дар фаъолияти дохилиҳизбии худ низ як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Агар то моҳи январи соли 2015 шумораи умумии аъзои ҳизб 1079 нафарро ташкил медода бошад, имрӯз ин шумора ба 2338 нафар расидааст. Яъне дар давраи ҳисоботӣ 1279 нафар ба узвияти ҲХДТ қабул шудааст, ки 542 нафарро ҷавонон ва 219 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз 991 нафар ҷавонон дар сафҳои ташкилоти ҳизбии мо муттаҳид гаштаанд, ки қариб 50 фоизи шумораи умумии аъзои ҳизбро ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар бо сабаби ба ҷои дигари зист кӯчидан аз қайд бароварда шуда, 17 нафар бо сабабҳои гуногун аз сафи ҳизб хориҷ карда шуданд. Ба иттилои М. Абдуллоев яке аз масъалаҳое, ки фаъолияти бисёрҷабҳаи Кумитаи иҷроияро халалдор месозад, ин сари вақт насупоридани ҳаққи узвият мебошад. Пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими беҳтар гардонидани вазъи молиявии Кумитаи иҷроия ба шумор меравад. Саривақт ва ба пуррагӣ пардохт нагардидани ҳаққи узвият дар семоҳаи охири соли 2016 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба фаъолияти самараноки Кумитаи иҷроия таъсири ҷиддӣ расонд. Сипас, Рустам Ҳақназаров, раиси комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳия афзуд, ки таҳлили фаъолияти молиявии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муайян намуд, ки пардохти саривақтии хаққи узвият дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо як хел ба роҳ монда нашудааст. Ташкилотҳои ибтидоии "Сомон", "Беморхона", "КАТС", "Амонатбонк", "Молия", "Ҳакимӣ", "Дарбанд", ташкилоти ибтидоии ба номи «И.Ҳалимов», "Касбомӯз", "Комсомолобод", "Фарҳанг", "Сафедчашма", "Хумдон" ва "Роҳсозон" масъулияти баланд ҳис намуда, пардохтро дар ҳаҷми аз 70 то 100 % иҷро кардаанд. Ташкилотҳои ибтидоии "Муҷихарф", "Маркази санитарию эпидемиологӣ", "Матлубот" ва "Бойторӣ" ҳаҷми пардохтро аз 30 то 65 % иҷро намудаанд. Ҳолати пардохти ҳаққи узвият дар як қатор муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ ва асосӣ дар солҳои 2015-2016 хеле ташвишовар буд. Дар конференсия ҳайати Кумитаи иҷроия ва ҳайати комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳия аз нав интихоб шуданд. Дӯстзода Ҳасан Тағдир, раиси ноҳияи Нуробод масъулини кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҳайати нави кумитаи иҷроияро ҳушдор дод, ки баҳри таҳким бахшидани мавқеи ҳизб дар ноҳия бештар кӯшиш намоянд ва ба риояи интизоми дохилиҳизбӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро аъзои ҲХДТ барои дигарон бояд намуна бошанд. Қабл аз анҷоми Конференсия 5 нафар аъзои фаъоли ҳизб бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод сарфароз гардонида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.