Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аз Паём то Паём

Аз Паём то Паём

27-01-2021, 09:29
Хабарро хонданд: 393 нафар
Назарҳо: 0
Фирдавсӣ

Натиҷагирии фаъолияти «Истиқлол»

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» бо иштироки ИсҳоқӣҲусния Давлаталӣ - муовини раиси Кумитаи иҷроияишаҳрии ҲХДТ, Қурбонзода Убайдулло, муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ доир гардид.
Дар он тибқи рӯзномаи маҷлис гузориши Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”«Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КИ дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021», тасдиқи нақшаи корӣ, рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣқарор дода шуданд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” Алиева Зулфия “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021” гузориш дода, зикр кард, ки бо вуҷуди душвориҳо ва мушкилоти пешомада аз пандемияи коронавирус соли гузашта бобарор буд.
Вай афзуд, ки аъзои ташкилоти ҳизбӣ ҳамчун гурӯҳи фаъоли ҷамъиятӣ дар фаъолияти рӯзмараи муассиса саҳми худро гузоштанд.
Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба марому мақсад ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд кард, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳо намоён ва бузургаст.
ӯ ёдовар шуд, мо ҳар рӯз шоҳиди падидаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангие ҳастем, ки дар ҳамаи ин ҳизбиён нақши муассир ва меҳварӣ доранд.
Дар рафти маҷлис дигар аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” низ аз нақши ҲХДТ дар рушди босуботи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳмгузории худро дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб иброз доштанд.

Шоҳмансур

Ҷамъбасти фаъолияти «Мутриб»


Дар ташкилоти ибтидоии “Мутриб” маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.
Дар оғоз ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Мутриб” шунида ва зикр шуд, ки дар соли сипаригардида, аъзои ташкилоти ибтидоии “Мутриб” тавонистанд, ки дар ҷодаи касбӣ ва корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Сипас, ҳисоботи ташкилот аз ҷониби иштирокчиён ва аъзои ташкилот мавриди баррасӣқарор гирифт.
Инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, суханронӣ намуда,қайд кард, ки ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувор ва бонизоми кишвар фаъолият намуда, мақсадашон фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ҳар фарди ҷомеа, имконоти мусоид ҷиҳати ташаккули неруи инсонӣ, эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсонӣ аст.

Истаравшан

Оғози сохтмони бинои ҳизб

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодава раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон чанде пеш ҳамроҳ бо роҳбарият, фаъолон, собиқадорон ва аҳли ҷомеаи шаҳри Истаравшан ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр санги асос гузоштанд. Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо иштирокчиён иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон неруи созанда ва тавонои ҷомеа ба шумор рафта, ғояҳои асосии давлату Ҳукуматро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ менамояд.
ӯ, ҳамчунин, баён дошт, ки бо сохта ба истифода додани ин бино барои Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шароити беҳтари кор фароҳам гардида, фаъолияти ҳизбиён боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Дар ҷараёни мулоқот аз номи собиқадорони ҳизб Муаззама Абдуваҳҳобова баромад намуда, гуфт, ки ҳизбиёни шаҳри Истаравшан баҳри таҷлили ҷашни фархундаи миллат – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзанд ва дар корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ин рӯзи муборак ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Хуҷанд

«Созандагони Ватан»- ҳамқадами замон

Маҷлиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори КИ ҲХДТ баргузор гардид.
Маҷлисро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавс Саидовҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти шуъба дар соли 2020 гузориш дод.
Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Эҳсонҷон Исоев, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ҚобилҷонҶалолов, узви фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Конибодом Камолиддин Мамаяров оид ба фаъолиятҳояшон суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода баҳри амалӣ гаштани нақшаҳои дар пеш истода ба шуъбаи кор бо ҷавонон ва Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд комёбиҳо таманно намуд.
Дар поёни маҷлис, ба чанде аз фаъолони ташкилот Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд супорида шуд.

Данғара

Роҳнамоӣ ба озмуни ҳизбӣ

Чанде пеш аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар Коллеҷи техникӣ хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла самаранок истифодабарии қувваи барқ дар ташкилоту муассисаҳо, ба роҳ мондани кишти баҳорӣ дар заминҳои кишоварзӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, тарзи дурусти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ суҳбат кард.
Дар охир, мавсуф вобаста ба шартҳои озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ” сухан гуфта, ҷамъомадагонро барои иштирок ва ғолиб омадан дар озмуни мазкур раҳнамоӣ кард.
ВОСЕЪ

Барои ободии Ватан

Бо мақсади ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб дар майдони Парчами Ҷамоати деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки коллективи меҳнатӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ, сокинон, вакилони мардумӣ, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат корҳои ободонӣ баргузор гардид.
Иштирокдорони ин чорабинӣ заминҳои майдони мазкурро нарм намуда, аз партовҳо тоза карданд. Дар чорабинӣ наздики 900 нафар иштирок намуда, саҳми худро дар ободии як гӯшаи диёр гузоштанд.
Тавре созмондиҳандагон иброз доштанд, минбаъд низ чунин шанбегиҳо ташкил намуда, саҳми худро барои шукуфоии кишвари азиз мегузоранд.


Ҷайҳун

Кори «Шифо» натиҷагирӣ шуд

Дар ташкилоти ибтидоии «Шифо» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид.
Аввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифо» Аҳё Маҳмадӣ оид ба рӯзномаи маҷлис аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ҳисобот дод. Зимни суханрониҳо, ки рӯи мавзӯъҳои дар ҳисобот дахлшуда сурат гирифт, бар нақши аъзои ҳизб дар ҳали масъалаву иҷрои вазифаҳои гузошташуда изҳори назар шуд.
Ҳасанзода Тағоймурод ба ҳисобот баҳои хуб дода, аъзои ташкилот ва дигар иштирокчиёнро бо муҳтавои озмуни “Беҳтарин сарфакори барқ” ошно ва онҳоро даъват кард, ки дар ин иқдоми ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд.

Қубодиён

ЭЙ, КИ ДАСТАТ МЕРАСАД, ДАСТЕ БИГИР...

Бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ аксияи ҳизбии “Ниёзмандон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ” доир гардид.
Аксияи ҳизбиро фаъолони ҲХДТ, раиси ташкилоти ибтидоии “Камароб”, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия АбдувалӣДавлатов ва соҳибкорФарҳод Зиёев дастгирӣ карда, аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ба 58 нафар наврасону ҷавонон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа ва ятимонба маблағи 11600 сомонӣ кумаки яквақтаинаи молиявӣ расониданд.
Иқдоми неку ватандӯстонаи саховатмандон аз ҷониби оилаҳои эҳтиёҷманд бо хушнудӣ пазируфта шуд.
ДӯСТӣ

Вазифаҳои нави ҳизбиён

Аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН” дар ҷаласае бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ натиҷагирӣ шуд. Зимни ин нишаст самтҳои авлавиятноки фаъолияти ҳизб масъалаҳо оид ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва ҳамзамон озмуни ҳизбии «Беҳтарин сарфакорӣ барқ» мавриди баррасӣқарор дода шуд.
Дар охир,ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣқаноатбахш арзёбӣ гардида, нақшаи корӣ барои соли 2021 тасдиқ шуд.

Вохӯрии раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Ҷилликӯл Н. ӯзбеков бо сокинони деҳаи Гулобод ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб доир гардид.
Мавсуф дар назди сокинон оид ба сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, истифодаи сӯзишвории табиӣ, ангишту ҳезум, гази моеъ ва брикет бо мақсади бе мушкилот паси сар намудани фасли сармо, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, суҳбат бо сокинон барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣсухан карда, ҳамагонро барои тадбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват намуд.
Вахш

ТАБИБОН - ДАРМОНБАХШИ ҶОНУ ТАН

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бемориҳои пӯст” маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроия ИсмоилҶалилов ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Худойдод Ёров баргузор гардид.
Зимни баргузории маҷлис, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ барои фаъолияти кории соли 2020 шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2021 муайян гардиданд.
Х. Ёров зимни суханронӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ натиҷагирӣ намуда, ҷиҳати ҷалби фаъолон ба сафи ҲХДТ, истифодаи сарфакоронаю оқилонаи қувваи барқ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ҳарф зада, иштирокчиёнро ба саҳмгузории беш аз пеш ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даъват кард.
«МХ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: