Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

14-01-2019, 15:00
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0

8 январи соли 2019 дар толори шуъбаи маориф маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки аъзо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва муовини Раиси шаҳри Ҳисор Абдуллозода Умеда баргузор гардид.
Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроия Фаррух Аловиддинов оғоз намуда, оид ба фаъолияти корӣ барои соли 2018 ҳисобот дод. Қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018 дар бораи самтҳои фаъолияти ҳизб ба миён омадааст, ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани он чораҳои амалӣ меандешад.
Аз рӯи ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроия раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» Парвиз Пӯлодӣ, бойгоншиноси ФБМД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Ҳисор Обидов Рустам узви ташкилоти ибтидоии «Бойгонӣ» ва узви ҲХДТ, намояндаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Табибон» Сангинов Ҳусниддин ба музокира баромада, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияро оид ба фаъолияти корӣ барои соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбаст намудани озмуни «Ташкилоти ибтидоии ҳизбии беҳтарин» қайд карда шуд, ки дар давоми соли сипаригашта Кумитаи иҷроия барои муайян намудани ғолиби озмуни «Ташкилоти ибтидоии ҳизбии беҳтарин» кори ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор дод.
Дар натиҷаи санҷиш ғолибони озмун бо назардошти пешбурди кори ҳуҷчатгузорӣ, дар амал татбиқ намудани мақсадҳои барномавии ҲХДТ ва ҷалби фаъолон, занону ҷавонон ба узвияти ҲХДТ муайян карда шуда буд, ки имрӯз ғолибони озмун бо Сипоснома ва мукофотпулиҳои омода намудаи Кумитаи иҷроия қадрдонӣ гардиданд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Ҳисор Абдуллозода Умеда ба сухан баромада, нисбат ба фаъолияти Кумитаи иҷроия баҳри боз ҳам ривоҷ додани корҳои ташвиқотӣ дар байни қишрҳои ҷомеа фикру мулоҳизаҳояшонро иброз доштанд.
Дар анҷом ба як қатор фаъолону ҷавонони ба сафи ҳизб шомилшуда дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Муовини Раиси
КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Комилҷон ШАРИФОВ





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: