Душанбе
Баҳои хуб ба фаъолияти ҳизбиён
Бо иштироки президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Асозода Нуралӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва олимону донишмандон ва аъзои ҳизб маҷлиси ҷамъбасти ҳисоботии солона баргузор гардид.
Дар ҳисоботи солонаи раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ зикр гардид, ки дар соли сипаришуда, аъзои ташкилоти ибтидоии “Махзани илми кишоварзӣ”-и Академияи илмҳои кишоварзӣ дар чорабиниҳои сиёсӣ саҳми назаррас гузошта, дар самти татбиқи стратегияи милли “Таъмини амнияти озуқаворӣ”, маърифати истифодабарии заминҳо, рушди соҳаҳои боѓу токпарварӣ, корҳои селексиёнӣ, чорводорӣ, коркарди тухмиҳои нави баландсифату серҳосил, ѓани гардонидани захираҳои хӯрокворӣ, дастгирии олимони ҷавон дар соҳаи кишоварзӣ, рушди илми кишоварзӣ, такмили малакаи олимон дар ин самт, тарбияи ватанпарастии кормандони ҷавон, ободонию бунёдкорӣ ва дигар паҳлуҳои сиёсати созандаву бобарори Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барномаи амали ҲХДТ мебошад, нақши созгор гузоштанд. Дар суханрониҳо ҳисобот аз сӯи иштироккунандагон хуб арзёбӣ гардида, бобати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар ташкилот дастуру супориҳои мушаххас дода шуд.
Дар маҷлис масъалаҳои тасдиқи нақшаи корӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва дигар масоили дохилиҳизбӣниз мавриди баррасӣқарор гирифт.
Ҷамъбасти сол ва тасдиқи нақшаҳои нав
Дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмон ва меъморӣ” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.
Оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот пешниҳод гардида, таъкид ба он шуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилот саҳми хешро гузоштаанд. Ёдоварӣ гардид, ки дар рушди давлати миллӣ ва сохтмони биноҳои мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ, бунёдкорию меъморӣ дар пойтахт ва баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони ҷавон, тарбияи худогоҳии миллӣ, дастгирии сиёсати бомароми давлат ва Ҳукумати кишвар саҳми аъзои ташкилот назаррас аст.
Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилот, баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳамаи кормандону ҷонибдорони ҲХДТ низ мавриди баррасӣқарор гирифтанд.
Кӯлоб
ИХТИЁРИЁН ҳавасманд шуданд
Дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ саҳми волонтёрон (ихтиёриён) хеле зиёд аст. Онҳо дар корҳои таблиѓотию фарҳангӣ фаъол буда, доимо ба сифати неруи ёрирасон дар паҳлуи ҳизбиён ҳозир мебошанд.
Ихтиёриёни ҳизбӣ, аз ҷумла дар раванди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус дар сафи пеш қарор гирифта, пайваста мардумро аз хатари ин беморӣҳушдор доданд. Инчунин, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони мардумӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор шудани накши худро гузоштанд.
Ба ин сабаб буд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии ихтиёриёни ҳизбӣ, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва дастгирии аъзои фаъоли ҲХДТ ба гурӯҳе аз ихтиёриёни ҳизбӣ дар оѓози Соли навтуҳфаҳо тақдим карда шуд.
Тавре аз КИШ ҲХДТ ба хабарнигори “МХ” иттилоъ доданд, Кумитаи иҷроия минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки дар иҷрои барномаҳои ҳизбӣ аз фаъолияти волонтёрон васеъистифода намуда, инчунин,иқдомҳоеро оид ба дастгирии ихтиёриёни ҳизбӣ ба таври васеъ роҳандозӣкунад.
Панҷакент
Оғози маҷисҳои ҳисоботӣ
Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ оғоз гардидандНахуст чунин як ҷамъомад дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи минтақавии шаҳраки Суѓдиён доир шуд, ки дар он раиси кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода иштирок кард.
Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдумалик Ҷалилов дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, афзоиши аъзои ҳизб дар соли 2020 ҳисобот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки онҳо дар ин давра ба тарѓиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, барномаҳои пешазинтихоботии ҳизб, тарзи солими ҳаёт, пешгирии бемории вогири коронавирус дар байни аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар иҷрои вазифаҳои оинномавии ҳизбӣ низ фаъол буданд.
Раиси кумитаи иҷроия М. Шукурзода дар ҷаласа таваҷҷуҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ҳизбиёнро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани тарѓибу ташвиқот, дастовардҳои Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлол, баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҳар аъзои ҳизб ҷалб намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин ташкилоти ибтидоӣ дар қатори беҳтарин ниҳодҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Панҷакент буда, дар роҳандозии ҳуҷатгузорӣ, омода намудани ҳисобот ва супоридани аъзоҳақии ҳизбӣ фаъол аст.
Ҳамчунин,бо иштироки кормандони масъули кумитаи иҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии таваллудхонаи шаҳрӣ, КФД “Обу ташноб”, Ҷамоати деҳоти Косатарош ва ҷамъияти матлуботи шаҳр низ маҷлисҳои ҳисоботӣ баргузор шуданд.
Деваштич
«Имон-интернешнл» ҳисобот дод 6 январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии «Имон-интернешнл» ноҳияи Деваштич маҷлиси ҳизбӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 баргузор гардид. Дар он фаъолияти яксолаи ташкилот, масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баҳс қарор гирифт.
Бино ба иттилоияи КИ ноҳиявии ҲХДТ, дар маҷлиси ҳизбиён, инчунин,оид ба самараноку сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, сари вақт пардохт намудани маблаѓи он, вусъати корҳои деҳқонӣ ва истифодаи оқилона аз заминҳои корам суҳбат ва маслиҳатҳо дода шуд.
Конибодом
Вакил арзи шаҳрвандонро шунид
Чанде пеш дар қабулгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом қабули шаҳрвандон аз ҷониби вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабзода Равшан Муҳиддин доир гардид. Он рӯз шаҳрвандон бо дархосту таклиф ва мушкилиҳои худ ба қабули вакил омада буданд.
Раҷабзода Равшан Муҳиддин зимни суҳбати хоса арзи ҳар кадоме аз муроҷиаткунандаҳоро шунида, қавл дод, ки ҷиҳати ҳалли мушкилиҳояшон чораҷӯӣменамояд ва бандҳои муҳими дархосту таклифҳои онҳоро дар таҳия ва рафти амалисозии нақшаи фаъолияти худ ба инобат мегирад.
Сариштакор бошем!
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои тарѓиботиро дар самти амалигардонии Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» вусъат дода, бо ҷалби вакилони маҳаллӣ бо усули “Рӯ ба рӯ” ва “Кӯча ба кӯча” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда аст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳое, ки аз сӯи КИШ ҲХДТ таҳия гардид, чанде пеш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев ҷамъомад роҳандозӣ гардид.
Дар рафти вохӯрии мазкур масъулон ба сокинони деҳоти ин ҷамоат суҳбат намуда, дар поёни ин нишаст ба иштирокчиён матни муроҷиатномаи кумитаи иҷроияҷиҳати оқилонаву сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус расонида шуд.
«МХ»