Маҷлиси ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи иҷтимоӣ» оиди ҷамъбасти фаъолияти кори ташкилоти ҳизбӣ28-12-2017, 10:33
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Панҷ. Тибқи накша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия маҷлисҳои ҳисоботӣ оиди фаъолияти корӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо дар соли 2018 баргузор гардида истодааст. 26 декабри соли 2017 дар толори маркази саломатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи иҷтимоӣ» оиди фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоӣ дар соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар маҷлис гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ Машрабов Шамсулло оиди фаъолияти кори ташкилоти ибтидоии ҳизб дар соли 2017 ва вазифаҳо дар соли 2018 шунида шуд. Дар гузориш аз ҷумла қайд гардид, ки маҳз дар ҳамин сол ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ истиқбол намуда шуд, ҳамчунин ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар ноҳия дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ ҷашн гирифта шуд, ҳамзамон ҷашни бошукӯҳи 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, ки саҳмгузорӣ ва иштироки бевоситаи аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи иҷтимоӣ” хеле назаррас мебошад. Дар гузориш дар баробари муваффақиятҳо оиди камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти кори ташкилотҳои ибтидоии ҳизб низ қайд гардиданд. Нақша-чорабиниҳои ташкилотхои ибтидоӣ барои соли 2018 баррасӣ шуда тасдиқ карда шуд. Пас аз баромадҳои узви раёсати КИН, муовини раиси ноҳия Шарифзода Марям ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ё.Носиров бори дигар маълум гардид, ки дар самти амали шудани ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои зиёдро ба сомон расондан мумкин аст. Аз ҷумла қайд гардид, ки шарҳу тавзеъи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳия яке аз вазифахои аввалиндараҷаи ҳизбиён мебошад. Ҳамчунин дар ин ҷаласаи ҳизбӣ 6 нафар ҷавонон ба сафи ҳизб қабул кардла шуданд. Оиди масъалаҳои рӯзномаи ҷалсаи ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.