Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши волидайн ва омӯзгорон дар танзими анъана ва ҷашну маросим

Нақши волидайн ва омӯзгорон дар танзими анъана ва ҷашну маросим

21-01-2021, 11:20
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Нақши волидайн ва омӯзгорон дар танзими анъана ва ҷашну   маросим Ҳаёти инсон аз якчанд омилҳое вобастаанд,ки дар назари аввал ночиз ва назарногир менамоянд. Масъалан,агар дар ҳаёти рӯзмарра исрофкор бошед ва ба қадру қиммати амволатон нарасед ин амалҳои шумо қабл аз ҳама ба буҷаи оила зарар мерасонад ва дар оқибат имконатонро дар самаранок истифода бурдани маблағ коста мегардонад.
Ҷомеае,ки зиндагӣ мекунем , пуртаззод ва дар муносибатҳои байни ҳамиии мардуму миллатҳо, сиёсати пешгирифтаи кишварҳо як нав норӯшание эҳсос мешавад.
Рушди техникаву техналогияи муосир раванди нав дар ҳаёти иҷтимоӣ ва муносибатҳои бозоргонӣ аз ҳар яки мо тақозо мекунад,ки дар зиндагӣ сариштакору ҳушёр бошем.
Кишвар вақте пешрафт мешавад,ки аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ тавоно ва посдорандаи фарҳанги миллӣ ва дорои кадрҳои босаводу зеҳнияти баланд бошанд ва дар ин ҷода нақши зиёиён, устодони муассисаҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои кишвар басо назаррас аст. Ҳар як падару модар мехоҳад,ки фарзандашон боодобу дониши хуб дошта бошанд ва мавқеи худро дар зиндагӣ муайян карда тавонанд. Мусаллам аст,ки барои хуб таҳсил кардан муҳит ва шароити хуб зарур аст,ки он на танҳо вазифаи давлат, қабл аз ҳама волидайни толибилм низ мебошад.
Хонаводаҳое ҳастанд ки беш аз ҳама ба намоишкорӣ машғул буда, тамоми ҳастии молиявии худро барои “обрӯ”-и яклаҳзаинаи худ сарф мекунанд ва моҳу солҳо бо пардохти қарз андармон мешаванд.
Ҳар як талаба вақти бештари худро дар оила ва мактабе, ки таҳсил мекунад мегузаронад. Ӯ бо чашми сар мебинад ки калонсолон чӣ рафтор мекунад, оё рафтору гуфтори онҳо ба ҳам рост меоянд?
Мо- калонсолон ҳамеша фарзандонро насиҳат мекунем,ки лавозимоти мактабиро бо эҳтиёт истифода баранд ва ҳатто баъзан маблағе,ки барои таҳсил сарф мешавад, хотиррасон мекунем. Пас фарзанд ҳам аз он хароҷоте,ки барои баргузор намудани маърака сарф мешавад, дида ба ҳайрат меояд ва пеши худ суол мекунад,ки ой ин ҳама харҷҳо баҳри чист ва чаро калонсолон ин тавр рафтор мекунанд?
Оила ва мактаб дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим мебозад. Оилаи солим фарзанди солим ва ояндадорро тарбия мекунад. Пас, қабл аз ҳама оила бояд дар овони кӯдакӣ барои ташаккули шахсияти ӯ кӯшиш ба харҷ диҳад ва барои фарзандон муҳити созгор ва барои таҳсил шароити муносиб ташкил кунад.
Баҳри ташкили шароити зарурӣ, таҳсили фарзанд мо волидайн бояд қабл аз ҳама харҷҳои беҳудае,ки ба баргузор намудани маъракаҳои серхарҷ сарф мекунем, даст кашем.
Аз шахсоне,ки ба кишварҳои хориҷа зиёд сафар мекунанд,ба қавли мардум “ҷаҳондидаанд” мешунавем, ки он харҷҳое,ки дар маъракаҳо сарф мекунем, назираш дар ҷаҳон нест. Беҳуда харҷ кардан, имкониятҳои молиявии оиларо ба назар нагирифтан ва серхарҷ гузаронидани маъракаҳоро, ки ба буҷаи оила зарар мерасонад ба назар гирифта, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва 08 июни 2007 ба тавсиб расид. Мардум ин қонунро ҳамчун қонуни миллӣ дониставу пазируфтаанд. Беҳуда нест,ки дар моддаи №1-и Қонун,ки Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур ном дорад,чунин суханҳо зикр шудаанд:” Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиятҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ,ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст...”.
Яъне мақсади қонун ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатї ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Маҳз мактаб баробари дигар ќишрҳои аҳолӣ барои дар амал татбиқ намудани мақсадҳое, ки дар боло зикр кардам, масъул аст. Қабл аз ҳама мо омӯзгорон бояд ба дигарон – падару модарони толибилмон, ҳамсояҳо ва умуман аҳли ҷомеа намунаи ибрат бошем ва ҳар банди қонуни мазкурро дар рӯзгори ҳамарӯзаамон татбиқ намоем.
Дар муассисаҳои таълимие,ки ҳоло адои вазифа мекунам,дар баробари дигар масъалаҳои таълимӣ ба масъалаи баргузор намудани ҷашну маросимҳо таваҷҷӯҳи коса зоҳир карда мешавад. Дар ҳар як маҷлисҳо роҳбарияти муассиса масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Бо фармони роњбари муассиса аз ҳисоби омӯзгорон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Азоёни гурӯҳи корӣ дар маъракаҳое,ки коллективи кормандон мегузаронанд, ширкат варзида, хулосаи худро ба роҳбаият пешниҳод мекунанд.
Омўзгороне,ки мақсади баргузор намудани маъракаҳоро доранд дар дафтари алоҳида сабт намуда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо фаҳмонида мешаванд.
Дар лавҳаҳое, ки дар ҷойҳои намоён овезон аст матни қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи танзимкунандаи масъалаи мазкур насб карда шудааст ва ҳар шахс метавонад аз он истифода барад.
Дар маҷлисҳои падару модарон роҳбарони синф дар ҳамкорӣ бо аъзоёни гурӯҳи корӣ зарари исрофкорӣ дар гузаронидани ҷашну маросимҳо ва оқибатҳои манфие,ки ба оила ва талабаҳо,ки онҳо низ ҷузъи оилаанд, сухан мекунанд.
Вақте талаба оиди пурдабдаба гузаронидани тӯйҳои наздикони худ бовиқор ҳикоя намуда, кӯшиши дар назди дигарон боин роҳ обрӯ гирифтанро мекунад, маълум мешавад, ки ҳоло барои татбиқи муқаррароти қонун кору заҳмати зиёде бояд кашид ва дар ин ҷода нақши омӯзгорон калон аст.
Мо омӯзгорон бояд ба волидайн, талабаҳо ва наздикони хеш фаҳмонем, ки тақозои замон дигар аст,исрофкорӣ хоси мардуми мо нест ва фарҳанги миллӣ ва суннатҳои мардумимо исрофкориро намепазирад.
Роҳбарият ва тамоми коллективи омӯзгорони МТМУ №59 ш.Душанбе н.Сино дарназардошти муҳиммияти масъала барои дар амал татбиқ намудани талаботи қонун, дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Салимова Гулчеҳра
Омӯзгори МТМУ №59 ш.Душанбе, н.Сино,
Аъзои Ҳизби халқии демократии
Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: