Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд

Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд

Сегодня, 09:25
Хабарро хонданд: 12 нафар
Назарҳо: 0
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шудЗимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо президент оид ба масъалаҳои глобалии Бонки байналмилалии сармоягузории «Goldman Sachs» Ҷаред Коэн Экосистемаи мустақили зеҳни сунъӣ ва гидроэнергетикаи «сабз»-и Тоҷикистон ҳамчун асоси ҷойгиркунии инфрасохтори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот оид ба лоиҳаи минтақаи махсуси зеҳни сунъӣ: «Area AI»- аввалин минтақаи озоди махсус дар ҷаҳон барои ширкатҳои зеҳни сунъӣ маълумот пешниҳод карда шуд. Консорсиуми зеҳни сунъии минтақаи «Area AI» чунин ширкатҳои пешбари ҷаҳонии зеҳни сунъиро, аз қабили Perplexity AI, Cerebras Systems, Supermicro, Yotta ва якчанд шарикони дигари байналмилалии технологӣ дар бар мегирад.

Дар мулоқот инчунин ба имконоти Тоҷикистон ҳамчун маркази ҳисоббарории «сабз» ишора карда шуд. Вазир ҳамзамон лоиҳаи AI-GOV – низоми зеҳни сунъиро барои идоракунии давлатӣ, ки дар доираи он Perplexity Comet аллакай дар Вазорати саноат ва тиҷорат ҷойгир кунонида шудааст, муаррифӣ намуд. Платформаи AI-GOV инчунин барои автоматикунонии иҷозатномадиҳии тиҷорати хурд ва миёна истифода мешавад.

Дар анҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои стратегии зеҳни сунъӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: