Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «АЗ ЗОҲИРПАРАСТИВУ ИСРОФКОРӢ ВА МАЪРАКАҲОИ ПУРДАБДАБА ХУДДОРӢ КУНЕД!»

«АЗ ЗОҲИРПАРАСТИВУ ИСРОФКОРӢ ВА МАЪРАКАҲОИ ПУРДАБДАБА ХУДДОРӢ КУНЕД!»

7-03-2020, 22:26
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
«АЗ ЗОҲИРПАРАСТИВУ ИСРОФКОРӢ ВА МАЪРАКАҲОИ ПУРДАБДАБА ХУДДОРӢ КУНЕД!»Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар ба занони кишвар муроҷиат карда, такроран таъкид намуданд, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва маъракаҳои пурдабдаба худдорӣ кунанд, талаботи қонунро риоя намоянд ва маблағҳоеро, ки дар маъракаҳои зоҳирпарастона харҷ мекунанд, барои шароити беҳтари хонадон, оилаҳои ҷавон ва ободии хонаву кошонаи худ сарф намоянд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат тазаккур доданд, ки мо ду қонуни миллӣ қабул кардем, ки ҳар кадоми он ба паст рафтани шиддати хурофот ва риоя гардидани фарҳангу анъанаҳои мардумӣ мусоидат намуд. Махсусан, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имкон дод, ки хароҷоти оилаҳо кам ва маросиму маъракаҳо ба меъёри муайян дароварда шаванд.

Дар натиҷаи амалӣ шудани ин қонун вазъи иҷтимоии оилаҳо, пеш аз ҳама, оилаҳои камбизоат хеле беҳтар гардид. Маъракаҳо ба танзим даромада, исрофкорӣ ва хароҷоти дуюмдараҷа аз байн рафт ва дар маъракаҳо тартиботи ягона ҷорӣ шуд.

Бо вуҷуди ин, Пешвои миллат изҳори таассуф карданд, ки ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, бахусус, бо айби баъзе занон аз оилаҳои мансабдорону хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва ходимони дин меъёрҳои танзим халалдор гардида, ҳолатҳои зоҳирпарастиву худнамоӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нигаронӣ мебошад.

«Мутаассифона, имрӯз ҳам ҳастанд шахсоне, ки дидаву дониста талаботи қонунро вайрон мекунанд. Аз ин рӯ, ба занону модарони кишвар такроран таъкид карданиям, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва маъракаҳои пурдабдаба худдорӣ кунанд, талаботи қонунро риоя намоянд ва маблағҳоеро, ки дар маъракаҳои зоҳирпарастона харҷ мекунанд, барои шароити беҳтари хонадон, оилаҳои ҷавон ва ободии хонаву кошонаи худ сарф намоянд», — муроҷиат намуданд Президенти мамлакат.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: