Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ШӮРОИ СОБИҚАДОРОН

ШӮРОИ СОБИҚАДОРОН

10-08-2017, 14:08
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
ШӮРОИ  СОБИҚАДОРОН
Бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дастгирии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мизи мудаварро бо иштироки олимону донишмандон ва фаъолони ҲХДТ баргузор гардид.
Дар кори мизи мудавар нахуст маърӯзаи Зарина Файзуллозода-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шунида шуд. Дар маърӯза зикр гардид, ки қонуни мазкур тавонист, ки пеши роҳи зиёдаравӣ ва исрофкориро гирад. Дар давоми 10-соли амали қонуни мазкур ҷашну маросимҳои миллӣ ба як танзими муайян даромаданд.
Дар идома зикр карда шуд, ки боиси хушнудӣ аст, ки дар баробари дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо имрӯз Шӯрои собиқадорон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати истиқболи самимӣ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва вазифаҳои минбаъда Шӯрои собиқадорони ҳизб дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба татбиқи қонуни мазкур дар байни сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки олимону донишмандон ва фаъолон чунин як мизи мудаварро баргузор намуд.
Воқеан ҳам амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чӣ тавре, ки дар моддаи 1-уми қонуни мазкур омадааст “Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст”.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъди амалӣ шудани қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардум аз хароҷотҳои зиёдатӣ ва исрофкорӣ даст кашида ба ҷойи он барои ояндаи дурахшони фарзандони худ заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам оварда истодаанд, ки тадбири мазкур аз муқаррароти қонуни мазкур сарчашма мегирад. Аз ҷониби дигар мардум худ дарк кардаанд, ки исрофкорию зиёдаравӣ ба ҷуз зарари иқтисодӣ ва равонӣ дигар суде надоштааст. Мову Шумо хуб медонем ва баъзан шоҳид ҳам будем ва ҳоло ҳам ба чашм мерасад, ки барои гузаронидани тую домодию арӯсӣ мардум баъзан аз бонкҳо ва шахсони алоҳида қарз гирифта барои худнамоиву шӯҳрат зиёдаравӣ мекунанд ва баъди тую алллакай муноқишаҳои оилавӣ оғоз гардида дар миён навхонадорон намедонанд чӣ кор кунанд дар натиҷаи чунин амалҳо оҳиста -оҳиста миёни навхонадорон муноқишаҳои оилавӣ оғоз гардида, ин гуна оилаҳо вайрон мегарданд.
Дар кори мизи мудавар Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор – Абдуғаффор Рауфӣ дар бобати қабули Қонуни мазкур суханрони карда, иброз доштанд, ки пайдо шудани расму маросим, ҷашнҳо, анъана, равияву мазҳабҳои бегона ва хурофотпарастӣ сабабгори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.
Мавсуф қайд карданд, ки расму оин ва дар ҷамъ фарҳанги бегона ин сабаби якдигарнофаҳмӣ ва хурофотпарастӣ дар ҷомеаи солим мегардад.
Ҳамчунин дар кори мизи мудавар Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон – Идиев Хайриддин Усмонович қайд намуд, ки бо гузашти 10 соли амали Қонуни мазкур дар ҷомеаи Тоҷикистон дигаргуниҳои кулли бо мисоли ба танзим даровардани арзишҳои фарҳангиву миллӣ, суннатҳои динниву мардумӣ ва анъанаву ҷашну маросимҳо дида мешавад.
Дар идома Раҳмонов Соҳибназар Боқиевич – Директори Маркази тиббии шаҳри Душанбе баромад намуда иброз доштанд, ки вазифаи ҳар яки мо ин беш аз ҳама тарбияи дуруст ва ахлоқи нек додан ба фарзандон аст, зеро оядаи Ватану миллат, идомадиҳандагони кору пайкори мо онҳояд. Бояд дар ҳамдиливу ҳамбастагӣ кор ва фаъолият намуда Ватани азизамонро аз ин ҳам бештар зебову дилоро гардонем.
Дар кори мизи мудавар қарор карда шуд, ки бо ҷалби Шӯрои собиқадорон ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷадвали вохӯриҳо таҳия карда шавад ва байни сокинони ноҳия ҷиҳати фаҳмонидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯриҳоро баргузор намоянд.


Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооКИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷ. Нарзиқулов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: