Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

12-07-2017, 13:55
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.
Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд.
Баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз коҳиш дода шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар шаш моҳи баъди қабули қонун шумораи ақди никоҳ дар кишвар то 23 ҳазор зиёд гардида, соли 2007 ба 97 ҳазор ва соли 2008 ба 106 ҳазор расид.
Дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.
Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди чораҳои то ба имрӯз андешидашуда ҳолатҳои пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат ҳанӯз пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам расму ойинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки чунин рафтор бо табиати фарҳанги мардуми мо бегона ва мухолифи қонун мебошад.
Бинобар ин вазорату кумита ва идораҳои дахлдори давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои пурра аз байни бурдани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд. Роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимони ҷомеашинос ва иттиҳодияҳои динӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ барои ислоҳи қонунвайронкуниҳо вазифадор шуданд.
Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки аз ҳисоби кормандони сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис дода, дархостҳои мақомоту ташкилот ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба арзёбӣ намояд ва дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, ҳамчунин, тафсири оммавии онро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Пешвои миллат то имрӯз тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди намояндагони касбу кори гуногун аз шаҳру вилоятҳои мамлакат баромад карда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таклифу пешниҳодҳои худро баён карданд. Таклифҳои мушаххас вобаста ба маросими азодорӣ, хонадоршавии ҷавонон, муайян кардани вақти баргузории маъракаҳо дар баъзе минтақаҳои кишвар вобаста ба мавсими сол, пурра аз байн бурдани баъзе расму оинҳои ба мардуми мо бегона, манъи забҳи чорво дар оши чил ва оши сол, кам кардани хароҷоти тую маъракаҳо, таҳия ва татбиқи ҷазо ба баъзе шахсоне, ки бандҳои алоҳидаи қонунро риоя намекунанд, пешниҳод гардид.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми бонангу номуси кишвар минбаъд низ бо эҳсоси масъулият барои рушди давлатдории миллии худ бо тамоми нерӯ кору фаъолият менамоянд ва Ватани аҷдодии хешро ба гулистони ҳақиқӣ табдил медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: