Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд

САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд

Сегодня, 08:30
Хабарро хонданд: 13 нафар
Назарҳо: 0
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд Сайёҳӣ яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, имкон дорад ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва муаррифи фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ хизмат намояд. Чунин иброз намуд Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар конфронси байналмилалие, ки таҳти унвони «Сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики рушди устувор: таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ» 16 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар конфронси байналмилалӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута, инчунин коршиносон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.

Баррасии нақши соҳаи сайёҳӣ дар таъмини рушди устувор, табодули таҷрибаи пешқадам ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ аз ҳадафҳои асосии конфронси байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ истифодаи равишҳои инноватсионӣ дар идоракунии соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори муосир ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аҳамияти калидӣ доранд.

Дар конфронси байналмилалӣ ҳамзамон таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳии «сабз», ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо ҳамчун омили муҳими таъмини рушди устувор таъкид карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: