Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – баракати зиндагӣ

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – баракати зиндагӣ

13-09-2017, 08:49
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – баракати зиндагӣ

Панҷ. Бо мақсади аз наздик ба мардум шинос намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода И.Т. ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии ҲХДТ Нидозода Ҳ.Б. аввалин вохурии худро бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия дар маркази шаҳрак рӯзи 13 сентябри соли 2017 баргузор намуданд.
Қонуни мазкур, ки як қатор меъёрҳои наверо қабул намудааст, танҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд.
Ҳамчунин, мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум буда, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ равона карда шудааст.
Ин қонуни миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як таҳавуллоти ҷиддӣ ва инқилоби маънавию фарҳангӣ дониста хоҳад шуд.
Баҳри амалии ин мақсадҳо махсусан раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода И.Т. ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нидозода Б.Т. мушаххас оиди он тағйироту иловаҳое, ки ба қонуни миллии мазкур илова гардидаанд, гуфта гузаштанд.
Аз ҷумла, дар суханрониҳо оиди баргузории бештари ҷашну маросимҳо дар муҳити оилаҳо, ки он ба мустаҳкам кардани сатҳои оилавӣ кӯмак мерасонад, эҳтироми забони давлатӣ, арҷ гузоштан ба расму русуми миллӣ, аз ҷумла сару либоси миллӣ, маросимҳои қайди давлатии ақди никоҳ ва саҳм гузоштан дар тарбияи насли наврас қайд гардид.
Дар охир раиси ноҳия Сайфуддинзода М.К. баромад намуда, гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар кунонид, ки мардуми шарафманди заҳматқарини ноҳияи Панҷ баҳри амали намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина ба ҳар як оилаи ноҳия расонидани мақсаду манфиатхои Қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми назаррасеро хоҳанд расонд.
Дар ин вохурӣ бештар аз 350 нафар сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Чунин вохӯриҳо дар якҷогӣ бо гурӯҳҳои кории мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо баргузор хоҳанд гардид.




Ҳошимов Т.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: