Омилҳои гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ ва паёмади он8-01-2021, 13:19
Хабарро хонданд: 404 нафар
Назарҳо: 0
Саломатӣ гавҳари ноёб аст, ки инсон баъд аз гирифтрӣ ба ин ё он беморӣ, ин неъмати бебаҳоро ба ҳадди лозима қадр мекунад. Агар назаре ба зисту зиндагӣ ва рўзгордории инсон назар афканем, дармеёбем, ки дар бештари ҳолат одам бо дасти худ худро ба вартаи бемориҳои мухталиф ҳавола медиҳад. Риоя нанамудани гигейнаи хатмии шахӣ, истифода набурдани ғизои солим, дури наҷустан аз фазо ва ё ашёҳои заҳролуду ба сатҳи сиҳатӣ зараровар, омили аслии гифтории одамон ба бемориҳои мухталиф мегардад. Агарчӣ имрўз дар курраи замин бемориҳои зиёди сироятиву ғайрисироятӣ ҳамарўза боиси қарбонии одамони бешумор ва фалаҷ намудани саломатии қисмеи дига мегарданд, аммо маризии фарбеҳӣ, ҳамчун омили ба дигар бемориҳо мубтало намудани одам мавзўи ҳалпазир дар соҳаи тандурустии кишварҳои сайёра боқӣ мемонад. Имрўз, ки ҷомеаи башарӣ дар ҳоли даргир бо маризии каронавируси нави COVID-19 қарор дорад, ба иқрори мутахассисон аз ҳама бештар нафарони дорои маризиҳои музмин, хоссатан фишорбаландӣ, дибеати қанд ва фарбеҳӣ зери таъсири бештар қарор дорад. Фарбеҳӣ солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гашта, он ҷомеаи тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст. Зеро оқибати он ба кутоҳумрии одамон оварда мерасонад. Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ ба ҳалокат мерасанд. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод менамояд, ки ҳукуматҳо, шарикони байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши хусусӣ бояд ҳама дар пешгирии бемории фарбеҳӣ саҳмгузор бошанд. Омилҳои гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ ва паёмадҳои он Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб сабабҳои гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ гуногун буда, ба иқрори мутахассисони соҳа аввалин сабаби дучор гардидан, ба бемории фарбеҳӣ ин пурхӯрӣ мебошад. Яъне аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, конфет, торт ва маҳсулотҳои қаннодӣ. Гуфта мешавад, омили навбатии гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ, ин камҳаракатӣ беморад. Камҳаракатӣ дар ҳолати пурхўрӣ яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ мебошад. Ҳангоме ки миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо оксид мешаванд, агар фаъолияти мушакҳо заиф бошад, кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо ба чарби бадан мубаддал мегарданд. Гурӯҳи аҳолҳидаие, ки камҳаракатанд, ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Дар баробари ин, одатҳои номатлубе, ки омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегарданд, инҳо тамокукашӣ ва аз меъёр зиёд истеъмол намудани машрубот мебошанд. Гузашта аз ин бояд гуфт, ки бемории фарбеҳӣ омили ирсӣ низ ҳаст. Агар падару модари шахс ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошад, аллакай замина барои инкишофи бемории мазкур дар фарзандони онҳо вуҷуд дорад. Мутахассисони соҳа тибб бар он назар ҳастанд, ки паймади гирифтори ба бемории фарбеҳе номатлуб буда, ин маризӣ омили падоиши бигар бемориҳо дар оганизм мегардад. Фарбеҳи замнаи аслии пайдоиши бемориҳои фишорбаландӣ, диабети қанд, саратон ва ғайра дар организми инсон мебошад. Ғайр аз ин нафароне, ки ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд, умри онҳо кӯтоҳтар аст. Дар баробари ин, зиёд шудани фиссади аҳолии мубталои бемории фарбеҳӣ сатҳи иқтисодии оила, сатҳи иқтисодии соҳаи тандурустӣ ва дар маҷмуъ сатҳи иқтисодии давлатро паст мекунад. Вазъи феълӣ ва дурнамои бемории фарбеҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Таи солҳои охир бемории фарбеҳӣ миёни ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бештар гардида, ин ҳолат боиси нигаронии Ҳукумати кишвар ва мақомоти матбута хоссатан Вазорати тандуустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ташкилоту сохторҳои гуногун, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тадбирҳои гуногунро рӯи даст гирифта шкдааст. Соли 2018 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ баҳри таҳияи “Барномаи пешгирии бемории фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таъсис дод. Пас аз ҳамоҳанг намудани он бо вазорату идораҳои алоқаманд барномаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо баҳри коҳиш додани бемории фарбеҳӣ пешбинӣ шуда буд. Аз тарафи Ҳукумати кишвар қабул гардидани “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” таваҷҷуҳи ҷиддӣ ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ буда, амалӣ гардидани ҳадафҳои он метавонад, бемории мазкурро ба камшавӣ оварда расонад. Тавсияи мутахассисон перомуни роҳҳои ҷилавгирӣ аз гирифтршавӣ ба бемории фарбеҳӣ Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ ба ҷои маҳсулотҳои хӯроквории таркибашон чарбдор бояд маҳсулотҳое, ки аз орди навъи дуюму сеюм тайёр карда мешавад, истеъмол намоем. Бояд бештар таваҷҷуҳ ба истеъмоли меваю сабзавот ва кабудиҳо карда шавад. Дар баробари ин, он меваю сабзавоте, ки шириннокияшон зиёд аст, аз он даст кашидан лозим. Инчунин истифодаи зиёди намак, истифодаи тамъдиҳандаҳо дар ғизо, истеъмоли ғизоҳои тезтаёр, истеъмоли нӯшокиҳои ширини газнокро низ бояд кам кард. Ҳамчунин ба баланд намудани сатҳи ҷисмонӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ бояд аҳамият доду зиёдтар роҳ гашт. Бино ба таъкиди табибон ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ дар баробари дигар корҳо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои тезтайёр даст кашид. Зеро тибқи далелҳои оморӣ таркиби хӯрокҳои тезтайёр зиёда аз ҳазор килокалорияро ташкил медиҳад. Миқдори шабонарӯзии таъмини ғизо ба организми инсон бошад, 1500 килокалория аст. Дар давоми рӯз шахс бо истеъмоли як хӯроки тезтайёр қаноат накарда, баъди чанд лаҳза дигар намуди ғизоҳоро низ тановул мекунад. Агар дар маҷмуъ меъёри ғизонокиро барои ин афрод ҳисоб кунем, беш аз 2000 килокалорияро ташкил медиҳад, ки аллакай фишор ба организм ва зарар ба меъда мебошад. Мувофиқи таҳлилҳои коршиносони хориҷӣ, яке аз омили асосии хурурҷи бемории фарбеҳӣ дар кишварҳои Аврупо хоссатан ИМА, ин истеъмоли шабонарўзии хӯрокҳои зудомодашаванда аз ҷониби сокинони он аст. Суғдмеҳри Маъруфзод
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.