Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Истеъмоли нон-манфиат ё зарар?

Истеъмоли нон-манфиат ё зарар?

20-07-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 1045 нафар
Назарҳо: 0
Истеъмоли нон-манфиат ё зарар?Нон муҳимтарин ғизо барои инсон маҳсуб мешавад. Мо мардуми ховарзамин ҳаётамонро бидуни нон тасаввур карда наметавонем. Аз ин рӯ, нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон аст ва қадру манзалати он дар радифи сарватҳои муқаддаси маънавӣ қарор дорад.

Агар назаре ба оинаи таърих андозем, дарҳол хоҳем фаҳмид, ки одамони қадим бо шикори ҳайвонот рӯз мегузарониданд. Хӯроки асосии онҳо гӯшт буд. Баъдан онҳо оҳиста-оҳиста кишту кори заминро ёд гирифтанд. Нахустин чизи ба замин киштаи онҳо дони гандум буд. Аз ҳамон замон то имрӯз нон барон инсон неъмати азизу бебаҳо боқӣ мондааст. Қадр кардани нон ҳамчун анъанаи писандида аз як аср ба асри дигар мегузарад. Аз қадим одамон нисбати нон эҳтироми махсус дошта, ҳар резаи онро ба чашм мемолиданд ва намегузоштанд, ки нон хор шавад. Нон рамзи бебаҳотарини неьмати дунё, хушбахтиву комронӣ, муҳаббату садоқат дар чашми ҳар инсон аст. Дар он ҷое, ки нон аст, адабу фарҳанг ва санъат низ мушоҳида мешавад. Нон зиннати дастархон, қуввату дармони мардум аст. Дар тӯли таърих ҳазорҳо нафар одамон ба вазъи гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ шуда, «нон»-гуён ҷон додаанд. Ба ин маънй Сайидо гуфгааст:

Муяссар нашуд дидани рӯйи нон,
Басе халқ нон гуфта доданд ҷон.

Халқи тоҷик анъанаҳои фаровони ҳамидаи миллӣ дорад. Масалан, ба зери бистари кӯдак гузоштани нон, меҳмонро бо нону намак пешвоз гирифтан ва ҳангоми сафар нон дар бар доштан ҳар яке ин нишонаҳо рамзи худро доранд.

Хулоса, аввалин чизе, ки ба рӯи хон мегузоранд, нон аст. Албата, нон давлати Худодод ва нерӯи ҷисми инсонист. Бояд зикр намуд, ки муносибати на ҳама ба нон як хел аст. Дар ҷомеаи шаҳрвандии мо онҳое, ки нони муфт мехӯранд, ҳеҷ гоҳ ба қадри он намерасанду қимати нонро ҳам намедонанд. Бо мақсади расидан ба қадри нон гузаштагони мо бо зӯри ду бозу нон мехӯрданд.

Фаровонии нон ба қобилияти кордонӣ ва талошҳои мунтазами деҳқон вобаста аст. Маҳз бо фидокорӣ ва меҳнатқаринии он аз замин гандум мерӯяд. Одамон гандумро орд карда, нонҳои гарму лазиз мепазанд. ВАЛЕ нон ба организми инсон зарар дорад.

Дар ҳақиқат ҳар ғизо ё таом ҷиҳати хубу бад, мусбату манфӣ дорад. Ҳастанд кишварҳое мисли Хитой, Куриё, Ҳиндустон, ки мардумаш нонро умуман истеъмол намекунанд. Дар ин кишварҳо аз орд дигар намуди ғизоҳои безарар ва ба организми инсон фоидабахш тайёр мекунанд. Ин ҷо шояд суоле ба миён ояд, ки чи гуна онҳо бисёри хӯрокҳои аз орд бударо бирён накарда, балки бо об ҷӯшонида истемол мекунанд ва хӯрокхӯриашон низ аз меъёр зиёд нест ва аз ин хотир ҳам бештар умр мебинанад ва камтар бемор мешаванд.

Вале дар мо хӯрдани аз ҳад зиёди таом анъана шудаст. Агар дар шаҳр мардум ба хурдани гӯшту шириниҳо майл дошта бошанд, дар кӯҳистон бештар ба ғизои хамирӣ таваҷҷуҳ доранд. Ордро дар дегдонҳо тафт медиҳанд, чағалдаку чалпак мепазанд, дар танӯрҳо кулчаву фатирҳои равғанӣ омода намуда боз онро бо туппаву угро истеъмол мекунанд, ки зарар андар зарар аст ва боиси бемориҳои зиёд мегардад.

Орд дар кишвари мо яке аз маҳсулоти серистеъмол маҳсуб мешавад. Мардуми мо аз қадимулайём мутмаинанд, ки нон организмро қувват мебахшад. Олимони муосир низ собит намудаанд, ки нон адреналинро дар ҷисми инсон зиёд мекунад.

Вале дар мо бо сабабҳои мухталиф нонро аз меъёр хеле зиёд истеъмол мекунанд. Мардуми мо ба ҷои дигар маводи ғизоӣ бештар орд мехаранд. Чун оилаҳои серфарзанд дорем, аз ҳама роҳи осони сер кардани шиками онҳоро меҷӯем, яъне НОН. Ҳатто кӯдакони худро аз хурдсолӣ ба «нонхӯракҳо» табдил медиҳем. Вақте кӯдак чизи хӯрдание хоҳиш кунад, ба дасташ як пора нону як каф мавиз ва ё тут медиҳем ва ба кӯча мефиристем, ки зиёд дарди сар нашавад…

Баъзан, албатта, аз орди нахӯд, боқилоӣ, ҷавин низ истифода мекунем, ки барои организм фоида доранд. Вале ин анъанаи хуб имрӯз танҳо дар деҳоти куҳистон боқӣ мондааст…
Дар шаҳрҳо бошад, истеъмоли ин навъ нон, ки бо хамиртурши суннатӣ омода мешуд, комилан аз байн рафтааст. Имрӯз дар шаҳр нонро бо як хокаи истеҳсоли Эрон, ки ба унвони «дрож» маъмул аст, омода месозанд.

Маълум гардидааст, ки истеъмоли миқдори муайяни нони сафед чуноне, ки диетологҳо иброз доштанд, он қадар зарарнок набудааст. Он манбаи витаминҳо ва минералҳо ба ҳисоб меравад. Муҳим танҳо он аст, ки нони сафедро дар мувофиқа бо дигар маҳсулот бояд дуруст истеъмол намуд. Ду даҳсолаи охир табибон таъкид менамуданд, ки гӯё истеъмоли нони гандумӣ боиси хастагии зиёд, дарди меъда, дамиши шикам, дарди сар ва ғайра мегардад. Аммо олимони бритониёӣ ин фарзияро инкор намуданд: Зиёд шудани одамони гирифтори аллергия аз гандум – ин танҳо маҳсули тахайюлоти диетологҳо мебошад.

Роҳбари тадқиқот Эйн O’Коннор аз фонди озуқаи Британия (British Nutrition Foundation) маълумот додааст, ки гандум воқеан аллергиябарангезандаи сахт набуда, танҳо теъдоди хеле ками одамон онро истеъмол карда наметавонанд. Моҳияти мушкилӣ дар он аст, ки нони сафедро бо чӣ истеъмол карданро донистан лозим аст. Аниқтараш эҳсосоти нохушро дигар маҳсулот медиҳанд, ки бо нон истеъмол карда мешаванд. Масалан равған ё ширинӣ…

Ҳозир олимони британиягӣ бар ин боваранд, ки нон барои шахсоне, ки мехоҳанд хароб шаванд, душмани асосӣ ҳисобида мешавад. Онҳо даъват аз он доранд, ки асрори маҳсулоти нонӣ бояд пурра таҳқиқ карда шавад.

Занони тоҷик ғолибан фарбеҳиро чандон мушкили ҷиддӣ намедонанд. Онҳо мисли занони ғарбӣ зиёд барои вазни изофиашон ғам намехӯранд ва барои дарёфти роҳу усул ва доруву давоҳои лоғаршавӣҳам талош намекунанд. Дар бисёр маврид ҳоло мардуми мо баъзе номгӯи ғизоро аз меъёр зиёд истифода мебаранд. Нонро мо дар муқоиса бо мардуми давлатҳои дигар хеле зиёд истеъмол мекунем. Ин ҳам дар ҳоле ки сабзавоту меваҷоти зиёд дорем.

Зимни як пажӯҳиш Вазорати тандурустӣ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар 2 соли қабл муайян карда буд, ки дар шаҳри Душанбе ҳудуди 43 дарсади занони қобили ҳамл вазни изофӣ доранд. Бино ба хулосаи пажӯҳишгарон, занони фарбеҳ аксаран аз хонаводаҳоеянд, ки вазъи зиндагиашон чандон хуб нест. 90 дарсади ин занҳо маҳз бар асари истеъмоли хӯроки якрангу хамирӣ ва носолим гирифтори фарбеҳӣ гаштаанд.

«Агар одам аз 2250 килокалорияе, ки барои як инсон дар як шабонарӯз муайян шудааст, камтар истеъмол кунад, ин аллакай ташвишовар аст.”

Ҷомеашиносон мегӯянд, аксари бонувони тоҷик баъд аз издивоҷ ва сисолагӣ вазни худро ба якборагӣ тағйир медиҳанд ва фарбеҳ мешаванд. Як омили дигари фарбеҳиро ҳам муттахасисон дар худдории занони ҷавон аз варзиш ва машқи бадан медонанд. Табибон мегӯянд, инсон бояд дорои вазни мӯътадил бошад ва индекси байналмилалии ташхисӣ фарбеҳӣ бояд ба эътибор гирифта шавад, масалан агар қомати шумо 177 сантиметр бошад, вазни идеалиаш 77 кило аст. Агар аз ин “идеал” зиёд бошад, инсон вазни изофӣ дорад ва вазни изофӣ ҳамеша метавонад сабаби гирифторӣ ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумла бемории қанду дил ва безурётӣ шавад.

Як сабаби дигари фарбеҳшавии занон ин аз хонашинӣ мебошад. Яъне вакте ки зан қисми зиёди вақташро дар хона мегузаронад, метавонад ғизои зиёд истемол кунад.

Вакте ки зан касбу ҳунар дорад, ӯ метавонад дар кадом соҳае бошад кор ва фаъолият кунад. Дар ин холат фикру хаёли ӯ танҳо дар кор аст аз фикри пайваста чизе хурдан дур мешавад ва у метавонад организми худро дар як холати мусоид нигох дорад.

Ҳар як амал меъёр дорад ва бояд ин мувозинатро нигоҳ дошт. Мехоҳед, ки ҳама вақт саломат бошед, пас дар ин сурат нонро бо меъёр истифода баред, сабзавот ва меваҷотро бисёртар истеъмол кунед ва ба варзиш машғул шавед варзиш намегузорад, ки бемориҳо дар бадани шумо паҳн кардан намегузорад. Ҳаёти солимро интихоб намоед.
Шоева Саймира
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: