Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сигор шушу қалбро абгор мекунад

Сигор шушу қалбро абгор мекунад

5-04-2016, 17:20
Хабарро хонданд: 481 нафар
Назарҳо: 0
Сигор шушу қалбро абгор мекунад
Мафҳуми омилҳои хатар дар таҷрибаи корҳои илмӣ дар хусуси оқибатҳои ҳузновари сигоркашӣ охири солҳои чилуми асри гузашта роиҷ гардида, оқибати фалокатбори ин одати бад имрӯз яқин гардидааст.

Бино ба маълумоти ҳисоботи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ омилҳои асосии бемории дилу рагҳоро дар бештари ҳолат шаш сабаб аст:

-зиёдшавии миқдори холестерини хун;

-фишорбаландии шарёнӣ;

-истеъмоли тамоку;

-фарбеҳӣ ва камҳаракатӣ;

-аломатҳои суст шудани асаб;

-истифодаи машруботи спиртӣ;

Ҳамчуноне натиҷаи тадқиқот собит менамояд, истифодаи тамоку (сигоркашию носкашӣ) яке аз омилҳои асосии ба бемории дил ва рагҳо гирифтор шудан метавонад. Дар мавриде, ки ин одати бад боиси бемории шадид аз қабили дилкасалӣ аст, чаро барои даст кашидан аз он чораҷӯйи накунем? Таҷриба собит менамояд, ки ба кӯшишҳои рӯзмарраи кормандони тиб нигоҳ накарда, бахусус дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон сигоркашӣ чун хатари асосии бемории рагу дил боқӣ мемонад.

Тадқиқоти илмии чандсола собит менамояд, ки 40 % ҳолати марганҷомии ишемияи дил ба сигоркашӣ вобаста аст. Ҳангоми мавҷуд будани бемории ишемиявии дил ва сурати даст кашидан аз истеъмоли тамоку ин худ пешгирии пайдоиши ҳолатҳои шадиди коронарӣ мебошад. Даст кашидан аз истеъмоли тамоку дар сурати бори аввал гузаронидани бемории сактаи дил, яке аз омилҳои муфидест, барои пешгирии сактаи такрории дил.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи мубориза муқобили истифодаи сигор, дар маҷмӯъ маҳсулоти аз тамоку ҳосилшуда кормандони соҳаи тибро водор менамояд, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат амалҳои зеринро ба иҷро расонанд:

- кам намудани миқдори бори аввал истифодабарандагони тамоку, алалхусус дар миёни занон ва хурдсолон;

-ёрии машваратӣ ба сигоркашоне, ки барои рад кардани ин одат тайёр ҳастанд;

-пешгирии бозгашт ба истифодаи тамоку;

-муолиҷаи комплексии бемориҳое, ки ба истифодаи тамоку вобастагӣ доранд;

-муҳофизат аз дуди тамоку ба шахсоне, ки истифода намебаранд;

Хулоса сигоркашӣ на танҳо «одати бад», балки беморӣ аст, ки табобатро тақозо менамояд. Аз ин рӯ шахсоне, ки хоҳиши рад кардани онро доранд, бештар ба маслиҳати табибон эҳтиёҷ доранд, зеро тибқи иттилои расмӣ қариб то 5% сигоркашони калонсол рад кардани сигоркаширо бо тавсияи табибон ба ҷо меоранд.

Оқибатҳои итеъмоли тамоку (сигоркашӣ)

а) Пайдо шудани нишонаҳои аввалини бемориҳо ва дигаргуниҳои манфӣ дар организм. Зиёдшавии миқдори гази угарӣ(СО) дар хун, нафастангӣ, хуруҷи бемории бронхит ва асмаи бронхиалӣ, импотентсия, бефарзандӣ, бемориҳои ҳомиладорӣ.

б) сигоркашӣ дароз муддат бошад, боиси барангезандагии сактаи дил, сактаи майнаи сар, саратони шуш, саратони ковоки даҳону гулӯ, сурхрӯда, бронхити музмин, элефиемаи шушҳо, камшавии қувваи ҷисмонӣ, кам шудани дарозумрӣ шуда метавонад.

Бо назардошти баранзезандагии чунин аломатҳои бемориҳои вазнин, нафарони ба ин одати бад гирифторшударо зарур аст, то барои пешгирӣ намудани бемориҳо, ба ин васила ҳифзи генофонди миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зеро сигоркашӣ аввалин қадамест, ки дар нахуст чун ҳавас, сониян барои кайф, баъдтар барои хумор одамӣ дидаву дониста худро заҳролуд менамояд. Дар мавриде, ки бар асари ин «кайф» дили мо заъф меёбад, хуб нест магар, ки аз баҳри чунин «лаззат» даргузар бошем, зеро хуб фамудаанд «Кори тан саҳл аст, фикри дил кунед».
Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: