Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аз бемории «Ботулизм» эҳтиёт бояд шуд

Аз бемории «Ботулизм» эҳтиёт бояд шуд

23-11-2020, 15:53
Хабарро хонданд: 859 нафар
Назарҳо: 0
Аз бемории «Ботулизм» эҳтиёт бояд шуд

Фасли тобистон ва тирамоҳ, давраи ғундории маҳсули кишоварз ва овони омодасозии маҳсулоти хурока ҳамчун ниёзи аввалияи инсон маҳсуб меёбад. Дар ин миён кадбонуҳо маҳз ба омодасози маҳсулоти консервашуда кори бешта мегиранд. Агачӣ ин намуди маҳсулот дар фасли сармо ва ба қавле давраи хоби табиат организми инсонро аз ғизои солими табии таъмин менамояд, аммо дуруст омода нашудани он метавонад дар пай ба заҳролудшавии оранизм оварда расонад.
Яке аз бемориҳое, ки маҳз дар асоси дуруст омода нашудани маҳсулоти консервашуда ҳосил мегардад ин ботулизм аст.
Ботулизм- ин ибора аз асри XVIII инҷониб барои инсоният маълум аст ва занони оқилу ҳушманде, ки аз оқибатҳои фоҷиабори он маълумот дорад, вақти омода намудани маҳсулоти консервагӣ ва лаҳзаи пеш аз истеъмоли он аз эҳтиёт кор мегиранд. Ботулизм як навъи бемории хатарзоест, ки оқибати он ба марги одамон оварда мерасонад. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳар сол дар ҷаҳон то 1000 нафар одамон бар асари ин беморӣ ба ҳалокат расида ҳазорҳо нафари дигар заҳролуд мешаванд. Ба гуфтаи олимони тиб 3 килограмми ин заҳр метавонад дар умум аҳли башарро маҳв созад. Ба иқрори мутахассисон ботулизм бемории гузаранда нест, аз он танҳо нафарони истеъмолкунандаи маҳсулоти заҳролудшуда сироят мешавад. Ҳамчунин тифлоне, ки шири модари заҳролудшударо истеъмол мекунанд, низ хатари сироятёбиро доранд. Маврид ба тазаккур аст, ки сарчашмаи бемории мазкур маҳсулоти консервашуда, маҳсуб меёбад.
Ҳанӯз роҳҳои мубориза ва пешгирӣ аз ботулизм пурра омўхта нашудааст ва то кунун ба олимони соҳаи тиб муяссар нашудааст, ки ваксинаи бартарафкунандаи ин микробро ихтироъ намоянд. Нишонаҳои сироятшавӣ аз ботулизм ба бемории дарунравӣ шабоҳат дошта, дар шахси заҳролудшуда иллатҳои сустии мушакҳо, беҳолӣ, хушкшавии оби даҳон, ҳарорати баланд, чарх задани сар мушоҳида мешаванд. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки аз шиддати ин беморӣ дар сироятшудаҳо ҳолатҳои фалаҷи бадан ва каҷшавии чашмҳо низ рух доданаш аз эҳтимол дур нест.
Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки фарк намудани маҳсулоти заҳролудшуда аз безарар баҳри қисми беши одамон ҳамчун муаммои сарбаста боқӣ мондааст. Мутахассисони соҳа бар он назар ҳастанд, ки дар ҳолати варам кардани руйпўши зарф, тағир ёфтани сурати маҳсулот, дигар шудани бўйи он, ва ё мушоҳида шудани тағирот дар тамъи он истифодаи омаҳсулот қатъиян манъ аст, чун ин ва диагар нишонаҳое ҳастанд, ки аз заҳролудии маҳсулот дарак медиҳад.
Мутахассисон бар он бовар ҳастанд, ки дар шароити хона омода сохтани консерва кори содда нест. Чун агар микроби ботулизм дар таркиби меваю сабзавот пайдо шуда бошад, пурра безарар кардани он дар вақти омода кардани маҳсулот ғайриимкон аст. Мутахаасисони соҳаи тиб ҳушдор медиҳанд, ки байёни ин ҳама гуфтаҳо манзур он нест, ки сокинон аз тайёр кардани консерва худдорӣ намоянд. Матлаб он аст, ки риоя кардани қоидаҳои тайёркунии ин намуди маҳсулот гарави саломатии ҳар як фард маънидод мегардад ва дар ин самт масъул бояд буд.
Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: