Нафси бад балои ҷон…18-12-2020, 14:49
Хабарро хонданд: 2767 нафар
Назарҳо: 0
Дар урфият мегӯянд, ки “Нафси бад балои ҷон”. Албатта, тавоноии нафс хеле бузург аст ва мо одамони баднафсу пурхӯрро борҳо дар тӯю маъракаҳо, шабнишинию зиёфатҳо дидаем. Одамони пурхӯрро гурусначашм ҳам меноманд. Боре дар маъракае паҳлуям марди фарбеҳҷуссаи миёнақаде нишаста буд. Мард як табақ ошро хӯрда ҷонибам шӯхиомез гуфт: - Шукр, ки этажи якуми желюткаам пур шуд. Ростӣ бисёр пурхӯр шудаам, бародар, намедонам чи хел халос шавам, аз ин бало... - Ака ин кори мушкил нест, иродаи қавӣ даркор, нафсатонро нигаҳ доред, тамом,- гуфтам. - Наметавонам, доим чашмонам гурусна, иштиҳоям баланд. Ҳама ҷоям дард мекунад, хеле вазнин шудаам... Пурхӯрӣ инсонро ба фарбеҳӣ мебарад. Одатан пурхӯрон танбал мешаванд ва ба гуфти мардум “Дар кор бузи ланг, дар хӯрдан наҳанг”-анд. Мутаассифона, таи солҳои охир, дар ҷомеаи мо ашхоси фарбеҳу пурхӯр хеле зиёд шудааст. Агар ба омори ҷаҳонӣ назар афканем, ба хубӣ мебинем, ки ашхоси фарбеҳ дар муқоиса ба лоғарњо ба маротиб зиёд њастанд. Мутахассисону пизишкони соҳа бо кашфи доруҳое, ки гӯё сабабгори аз байн бурдани пурхӯрӣ ва фарбеҳӣ мешаванд, мардумро ташвиқ мекунанд, аммо, таҷрибаҳои олимони соҳа нишон медиҳанд, ки инсонҳои фарбеҳ баъди истеъмоли ин намуд доруҳо, баъзан гирифтори дигар бемориҳо мешаванд ва хусусиёти шифоҳии онҳоро ба сифр баробар кардаанд. Яке аз усулҳои маъмули лоғаршавӣ риояи одоби камхӯрист, ки агар инсон бихоҳад бо роҳи гуруснагӣ чарбӯи баданро мепартояд ва ба инсони комилу солим табдил меёбад. Инсоне, ки ба пурхӯрӣ одат кардааст, наметавонад ба якборагӣ аз одати худ даст кашад, зеро мизоҷи ӯ ба ин амал тоб намеорад ва вуҷудаш ба якборагӣ заиф гардида, дучори ранҷи азиме мешавад. Агар дар атрофи фарбеҳӣ андеша ронем, он дар маҷмӯъ, як навъ беморист ва то ҷое, ки оморҳо шаҳодат медиҳанд ва мутахассисин мегӯянд, ҳанӯз давои ин беморӣ кашф нашудааст ва аз нисф зиёди сокинони рӯйи Заминро мубталои худ гардонидааст. Оқибати он ба камумрӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки бо чарбандии ҷисм алоқаманд буда, зиёдшавии вазни баданро нисбат ба меъёрҳои қабулгардида арзёбӣ мекунад. Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ вафот менамоянд. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод менамояд, ки ҳама аъзои ҷомеа, пизишкон, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши хусусӣ, бояд ҳама дар пешгирии бемории фарбеҳӣ саҳмгузор бошанд. Қисми зиёди одамон фарбеҳиро аслан, дар пурхӯрӣ мебинанд ва яке аз сабабҳои ба ин беморӣ мубтало шуданро аз шароити хуби зиндагӣ ва сарватмандии шахс низ арзёбӣ мекунанд. Аммо зиндагӣ дар бисёр мавридҳо тазоди ин гуфтаҳоро рӯшан сохтааст. Сарватмандоне, ки симу зарашон хирманҳост ва дар зиндагӣ мушкилоте надоранд, беҳтарин ғизову шаробро менӯшанду тановул мекунанд, вале мо нишонаҳои фарбеҳиро дар онҳо намебинем. Пас ба ин ҳолат гирифтор шудани иддае аз мардуми сарватманд яқинан беморие ҳаст, ки то ҳанӯз роҳҳои пайдоиши он ба тариқи мушаххас ташхис нагардидааст. Ба андеши баъзе аз олимони соҳа, аввалин сабаби дучор гардидан, ба бемории фарбеҳӣ ин пурхӯрӣ мебошад. Яъне аз меъёри зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, конфет, торт ва маҳсулотҳои қаннодӣ одамиро ба роҳи фарбеҳӣ мебаранд.. Ба ақидаи гурӯҳи дигари равоншиносон иддае аз одамони фарбеҳ инсонҳое ҳастанд, ки ба ҳама зуҳурот ва воқеоти хубу бад бетафовутанд, ғамро аз шодӣ ва шабро аз рӯз фарқ намекунанд, беномусҳое ҳастанд, ки маънии зиндагиро танҳо дар хӯрдану хуфтан ва маишат медонанду бас. Эшон роҳати якрӯзаро беҳтарин мояи хушбахтӣ ва сармояи хеш пиндошта, ғофил аз онанд, ки фарбеҳӣ дар пай мазарратҳои зиёде дорад ва инсонро дучори яъсу ноумедӣ ва ранҷу азоб намуда, фикрашро хароб ва ҷисму андомашро ба коҳилӣ мекашад. Бино ба оморҳои мавҷуда, бемории фарбеҳӣ дар миёни аҳолии кишвар зиёда аз 11,3%-ро ташкил менамояд. Дар байни мактаббачагон бошад, қариб 5%-ро дар бар мегирад. Паҳншавии бемории фарбеҳӣ нисбат ба занҳо миёни мардон як фоиз зиёд аст. Вобаста ба бемории фарбеҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз шунидани гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” супориш доданд, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегияи оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Мувофиқ ба пешниҳоди табибон ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ мо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои тезтайёр даст кашем, зеро дар таркиби чунин хӯрокҳо таъмини ғизо ба бадан 1000 килокалорияро ташкил медиҳад, вале инсон бо хӯрдани як хӯроки тезтаёр қаноат накарда, дар як шабонарӯз боз таъом мехӯрад, ҳол он ки миқдори шабонарӯзии таъмини ғизо ба организми инсон бошад, 1500 килокалория аст. Агар дар маҷмӯъ меъёри ғизонокиро барои ин афрод ҳисоб кунем, беш аз 2000 килокалорияро ташкил медиҳад, ки аллакай фишор ба организм ва зарар ба меъда мебошад. Истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр инсонро ба бемориҳои диабети қанд, фарбеҳӣ, вазни зиёдатӣ, баландшавии фишори хун ва зиёд шудани холестерин дар организм гирифтор мекунад. То имрӯз навад дарсади шаҳрвандони ИМА аз сабаби зиёд истеъмол намудани хӯрокҳои зудомодашаванда ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд. Аз ин рӯ, ҳар инсони солимақл бояд меъёри хӯрданашро донад. Луқмони Ҳаким писарашро насиҳат карда гуфтааст: ”Чун меъда пур шавад ва андомат фарбеҳ гардад, фикрат бихусбад ва ҳикмат гунг шавад ва андомҳо аз ибодат коҳилӣ кунад”. Дар ривояту ҳикоятҳои гузашта навишта шудааст, ки одати бузургони гузаштаи мо он будааст, ки чошт таом мехӯрданд ва шом ғизое тановул намекардаанд. Мақсад, агар инсон аз болои нафси саркаши худ ғолиб барояд, пас, саломатияшро метавонад солҳои дароз нигаҳ дорад, зеро, пурхӯрӣ боиси тамоми бадбахтиҳост, ки саранҷом моро ба кӯи бемориву дарду ранҷ мекашонад. Аз ин рӯ, бояд ба ин вартаи аср њақбинона назар афканем ва нагузорем, дар гирдоби балои он афтем, зеро фарбеҳӣ махзани тамоми бемориҳои олам аст. Тағоймуроди Орифӣ . . |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.