Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Савганди Президенти Тоҷикистон — сармашқи кори ҳар хизматчии давлатист

Савганди Президенти Тоҷикистон — сармашқи кори ҳар хизматчии давлатист

16-11-2020, 13:03
Хабарро хонданд: 463 нафар
Назарҳо: 0
Савганди Президенти Тоҷикистон — сармашқи кори ҳар хизматчии давлатист
Таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кадоми моро водор мекунад, ки беихтиёр саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро варақгардонӣ намоем. Дар ин росто месазад суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард»-ро ибтидои иттиҳоди тоҷикон ва созандагӣ барои ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии мо унвон намоем. Ин матлабро директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов дар маҷлиси тантанавии Агентии хизмати давлатӣ, ки ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-савганд ва рўзномаи кории ҳар як хизматчии давлатист» бахшида шуда буд, иброз намуд.

Ҷ. Давлатов изҳор дошт, ки муҳаққиқон талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмонро барои аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлат яке аз муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мо донистаанд, зеро доштани давлатдории миллӣ маънои амалӣ гардидани тамоми орзую ормонҳои ниёгон ва заминаи татбиқи ҳадафҳои насли имрўзу фардо мебошад.

Дар суханрониҳои аввалини худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо гуфта буданд: «Ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошам» ва ҳамин таъбир заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон гардида, ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона асос гузошт.

Дар идома директори Агентии хизмати давлатӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ба риштаи таҳлил кашида, гуфт, ки “имрўз зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва аз ҷумла, хизматчиёни давлатӣ низ бо қадршиносию арҷгузорӣ аз хидматҳои содиқонаи Сарвари хизматчиёни давлатӣ-абармарди давлатсозу ватанпараст дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъу ҳамдиланд ва дар баробари ҳар кадом сокини ин сарзамин дар роҳи рушди мамлакати биҳиштосоямон ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ бо пайравӣ аз Президенти маҳбуби худ қадамҳои устувор мегузоранд”.

Ҷ. Давлатов вазифаҳои ниҳоди хизмати давлатиро, ки аз суханронии Пешвои миллат дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2020 бармеоянд, ёдовар шуда, зикр намуд, ки савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ва рўзномаи кории ҳар хизматчии давлатӣ дониста мешавад.

Дар ҷаласа инчунин директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодат Ғанизода, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шоира Сайидализода сухан гуфта, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нурзода дар мавзўи «Эъморгари Ваҳдат ва пуштибони миллат» ва директори Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» Дилором Сайдаҳмадзода дар мавзўи «Нақши барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ» маърӯза намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: