Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Агентии хизмати давлатӣ ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории хизмати давлатиро дар вазорату идораҳо ошкор намуд

Агентии хизмати давлатӣ ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории хизмати давлатиро дар вазорату идораҳо ошкор намуд

30-01-2018, 05:45
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
  Агентии хизмати давлатӣ ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории хизмати давлатиро дар вазорату идораҳо ошкор намуд

Январь -2018
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 дар вазоратҳои кишоварзӣ, адлия (Саридораи нотариалии давлатӣ, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, раёсатҳои адлияи вилоятҳо), энергетика ва захираҳои об, Агентии обуҳавошиносӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Панҷакент, Истиқлол, Истаравшан, Кӯлоб, ноҳияҳои Мастчоҳ, Деваштич, Айнӣ, Восеъ, Ховалинг, Ҷ.Расулов, Хуросон, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Вахш, Ваҳдат, Лахш, мақомоти худидоракунии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Қубодиён ва Ёвон вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки ҳолатҳои қисман риоя нагардидани қонунгузории хизмати давлатӣ ошкор гардиданд.

Дар ин бора директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҷумъа Давлатов гуфт: “Яке аз омилҳои муҳими интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ба ҳисоб рафта, мақомоти давлатии мазкур дар ин самти фаъолият Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016 тасдиқ шудааст, ба асос гирифта бошанд ҳам, зимни татбиқи талаботи он ба камбудиҳо роҳ додаанд”.

Ба маълумоти номбурда, аз ҷумла, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯлоб, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва Мурғоб бар хилофи талаботи Низомномаи мазкур баъзе озмунҳо бе иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, муҳлатҳои муқарраршудаи гузаронидани озмунҳо ба инобат гирифта нашуда, дар эълони озмунҳо талаботи тахассусӣ, маоши мансабӣ ва муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо нишон дода нашудааст. Инчунин эълони озмун барои ҷойгир намудан дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, пешниҳод нагардидааст.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ, мақомоти нотариалӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳ, Деваштич, Хуросон, Қубодиён ва Ёвон дар баъзе ҳолатҳо қабули хизматчиёни давлатӣ бе озмун сурат гирифта, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо талаботи тахассусӣ, аз ҷумла, доштани таҳсилоти зарурӣ ба эътибор гирифта нашудааст.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ 7 ҳолати бе риояи талаботи тахассусӣ ва бидуни озмун таъйин гардидани шахсони ғайриихтисос ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ошкор гардида, дар натиҷа аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ дар хусуси бекор намудани фармоишҳои таъйин, аз нав ҷобаҷогузории кадрҳо ва доир намудани озмуни нав масъалагузорӣ карда шуд.

Дар мақомоти нотариалӣ 9 нафар бидуни баргузории озмун ба мансабҳои баландтар таъйин карда шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон соли 2016 12 нафар ва соли 2017 17 хизматчии давлатиро бе озмун ба мансабҳои хизмати давлатӣ таъйин намудаанд, ки талаботи тахассусӣ ба инобат гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти Ҷумъа Давлатов, мувофиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар дар солҳои 2015-2016 бе озмун ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таъйин намудани шаҳрвандон раисони ҷамоатҳои деҳоти Ҷиргатол, Сурхоб ва Пилдони ноҳияи Лахш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Хизматчиёни давлатии сохторҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоятҳои Суғду Хатлон, ки дар солҳои 2014-2016 ба мансабҳо таъйин гардидаанд, 20 нафарро ташкил дода, то ҳанӯз ба аттестатсия фаро гирифта нашудаанд.

Дар ноҳияи Мурғоб 32 нафар хизматчии давлатӣ аз аттестатсия гузашта, бо сабабҳои номаълум 32 нафари дигар дар аттестатсия иштирок накардаанд.

“Санҷиш маълум намуд, ки баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда, таҳияи дастурамалҳои мансабӣ, пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ дар Вазорати кишоварзӣ ва сохторҳои он, Агентии обуҳавошиносӣ, Раёсати нотариалӣ ва сохторҳои он, сохторҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсатҳои адлияи вилоятҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷакент, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Хуросон, Лахш, Ховалинг, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва Мурғоб мувофиқи талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ роҳандозӣ нашудааст”,-илова намуд Ҷумъа Давлатов.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: