Ҷавонон ба хизмати давлатӣ ҷалб мешаванд13-01-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
Дар нишасти хабарии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла зикр гардид, ки то ин дам дар мақомоти марказӣ, маҳаллӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, теъдоди хизматчиёни давлатӣ ба 18704 нафар расидааст, ки аз ин шумора 22, 5 фоизро занон ва 43 фоизро ҷавонони то 25 сола ташкил медиҳанд.
Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки теъдоди ҷавонон дар хизмати давлатӣ ба 283 нафар афзудааст. Ҳамчунин, дар бораи афзудани шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ аз ҷониби раиси агентӣ Ҷумъа Давлатзода таъкид гардид. Кормандони агентӣ дар ин давра ба 91 муроҷиати шаҳрвандон посух дода, масъалаҳои зиёдеро сари вақт баррасӣ ва ҳал намуданд. Тибқи иттилои раиси агентӣ шаҳрвандон бештар ба масъалаҳои қабул ба хизмати давлатӣ, муайян намудани хизмати давлатӣ, барқарор намудан дар мансаб, татбиқи имтиёзҳои хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳ намудаанд. Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби ин идора 6 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Тибқи иттилои ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ, ки ӯ низ дар ин нишаст ба суолҳои хабарнигорон посух дод, маълум мешавад, ки дар се факултаи ин донишкада нафарони зиёде бо таълим ва азнавтайёркунӣ фаро гирифта шудаанд. Аз гузориши мавсуф бармеояд, ки соли 2015 дар самти фаъолияти илмӣ низ донишкада ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла 6 китобу монография, 12 дастури илмӣ, 25 мақола дар китобу маҷаллаҳои ин муассиса ба табъ расонида шудаанд. Кормандони донишкада дар семинару конфронсҳои байналмилалӣ бо 6 маърӯза ширкат варзида, дар дохили кишвар қариб 30 маърӯзаи илмӣ пешниҳоди хизматчиёни давлатӣ гардид. Таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ аз ҷониби хабарнигорон, ба тарзи гузаронидани озмунҳо, мониторинги корҳои иҷрошуда, таснифи хизматчиёни давлатӣ аз рӯи маҳалли зист, ҳамкориҳои ин ниҳоди муҳими давлатӣ бо созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ масоили нафақаи хизматчиёни давлатӣ, захираҳои кадрӣ, кафолатҳо ё имтиёзҳои хизматчиёни давлатӣ бештар ҷалб карда шуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки баъзе роҳбарон бо сӯиистифода аз мансаби ишғолкардаашон ва банди қонунгузорӣ дар бораи нафақаи хизматчиёни давлатӣ, нафаронеро, ки хизматчии давлатӣ нестанд, аз кор ва вазифаҳо озод мекунанд. Аз ташреҳи Ҷумъа Давлатзода бармеояд, ки чунин тарзи муносибат дуруст риоя накардани қонунгузорист. ©Ҳ. Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.