Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон» форум доир гардид

Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон» форум доир гардид

17-11-2019, 17:40
Хабарро хонданд: 378 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон» форум доир гардид
Дар толори “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Форуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон» бахшида ба рӯзҳои таърихӣ -Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории Форуми ҳизбӣ тарғиби муқаддастарин рӯзҳои таърихӣ: гиромидошти заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои мардумӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, неъмати тақдирсози миллат — Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сулҳофаринию нақшҳои сиёсии ҳизби ормонҳои миллӣ дар мамлакат-25 солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки дар кори Форум филм таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон” намоиш дода шуд.

Ҳамзамон ҳунармандону бастакорони мардумии Тоҷикистон бо сурудҳои ватандӯстонаю ватанпарастона ба хотири гиромидошти рӯзҳои таърихӣ ва болидахотирии иштирокчиён ҳунарнамоӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: