Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иҷлосияи ХУ1- иҷлосияи тақдирсоз

Иҷлосияи ХУ1- иҷлосияи тақдирсоз

10-11-2017, 10:20
Хабарро хонданд: 343 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи ХУ1-  иҷлосияи тақдирсоз

Панҷ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо хизматчиёни қисми ҳарбии 2610 дар ҳудуди ноҳибуда вохӯри зери ливои «Иҷлосияи ХУ1- иҷлосияи тақдирсоз» баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ раиси КИН Ё.Носиров ва муовини раиси ноҳия Ш.Асомиддинзода иштирок ва баромад намуданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дошта, дар вазъи мураккаби сиёсӣ, итисодӣ ва иҷтмоие баргузор гардид, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва дар ҳамон иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ-сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳо гузошта шуд. Бо заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон давраи фаъолияташ ҳамчун раиси шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, ҳамчунин тахким бахшидани низоми давлатдории навтаъсиси миллии тоҷикон амалӣ гардид.
Иҷлосияи ХУ1-  иҷлосияи тақдирсоз
Маҳз, дар ҳамин иҷлосия ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсӣ – 74 санади ҳуқуқӣ ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон- Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуд, ки дар он давра хидмати таърихӣ карданд.
Истиқрори сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарине мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Мо имрӯз дарки онро дошта бошем, ки вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон қадр намудани арзишхои сиёсӣ, маданӣ ва давлатдории навини миллиро, ки натиҷаи ҳамин Иҷлосияи тақдирсози миллат ба ҳисоб меравад, мебошад.


Атавуллоева З.
КИ ҲХДТ
дар н.Панҷ.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: