Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шумора гирифторони CОVID-19 дар Аврупо афзоиш меёбад

Шумора гирифторони CОVID-19 дар Аврупо афзоиш меёбад

15-10-2020, 14:19
Хабарро хонданд: 452 нафар
Назарҳо: 0
Шумора гирифторони CОVID-19 дар Аврупо афзоиш меёбад
Доман паҳн кардани бемории CОVID-19 миёни ҷомеаи башарӣ ҳамоно идома дорад. Феълан аксар кишварҳои минтақаи Аврупо аз зиёдшавии ҳолатҳои гирифтории сокинон ба ин беморӣ хабар медиҳанд. Чанд рўзе қабл ҳукумати Фаронса аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои рафтуомад ба минтақаи Порис ва якчанд шаҳри дигар хабар доданд.
Ин дар ҳолест, ки бақайдгирӣ ва паҳншавии Каронавирус дар Фаронса дар фасли баҳори соли ҷорӣ мушоҳида гардида, бо тадбирҳои андешида ба ҳадде шумораи гирифтор ба ин маризӣ зиёд набуд, аммо наздики як моҳ аст, ки шумораи мубталоён ба ин беморӣ рў ба афзоиш ниҳодааст. Вазъияти мазкур ҳамакун дар кишварҳои Италия, Испания низ ба мушоҳида мерасад. Мувофиқ ба таҳлиҳо дар як рӯз шумораи гирифторон ба коронавирус дар Аврупо наздики ба 100 ҳазор нафар баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳолатҳои фавти шаҳрвандон бо омили гирифторӣ ба каронавирус низ афзоиш ёфта истодааст.
Шумораи гирифторон ба каронавирус дар Амрико нисбат ба моҳҳои тобистон камтар шудаст. Мувофиқ ба таҳлиҳои байналмиллалӣ вазъият дар кишвари Ҳиндустон нигаронкунанда буда, шумораи мубталоён ба ин мазирӣ аз ҳама бештар дар ин кишвар арзёбӣ мегардад. Вазъияти гирифтории сокинон ба бемории каронвирус дар кишварҳои минтақи Осиёи Марказӣ, нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад, аммо дар чанд рўзи охир мақомоти марбутаи Русия, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон аз холатҳои афзоиш ёфтани шумораи мубталиён ба ин бемориро хабар медиҳанд.
Ҳолатҳои сироятёби сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маризии каронавирус давра ба давра коҳиш ёфта, мувофиқ ба омори расмӣ санаи 14 октябри соли ҷорӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои дастрас дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 14 октябр 10336 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 9245 (89,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 79 нафар фавтидаанд. Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
То ба ҳолати рўзи 13-уми октябри соли равон умуман дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба маризии мазкур 38 миллион нафар гуфта шуда, наздики 1 миллион нафари дигар ҷони худро аз даст додаанд.
Таҳияи
Суғдмеҳри Маъруфзод

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: