Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба бемории COVID-19 ба 12 миллион наздик шуд

Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба бемории COVID-19 ба 12 миллион наздик шуд

8-07-2020, 12:03
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба бемории COVID-19 ба 12 миллион наздик шуд
Ба ҳолати соати 10:00-и 8 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар ҷаҳон ба 12 миллион нафар наздик шуда, зиёда аз 546 ҳазор гирифторони он вафот кардаанд ва беш аз 6,9 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 208 087 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 515 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 954 944 нафар ва теъдоди фавтидагон 546 720 кас мебошад.
Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 6 902 360 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 097 084 нафар), Бразилия (1 674 655), Ҳиндустон (743 481), Россия (694 230), Перу (309 278), Чили (301 019), Испания (299 210), Британияи Кабир (286 349), Мексика (268 008) ва Эрон (245 688) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: