Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон шумораи гирифторон ба коронавируси нав ба 5457 нафар расид

Дар Тоҷикистон шумораи гирифторон ба коронавируси нав ба 5457 нафар расид

22-06-2020, 10:12
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон шумораи гирифторон ба коронавируси нав ба 5457 нафар расидДар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати аз 30 апрел то соати 17:30 дақиқаи 21 июн 5457 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, то кунун дар мамлакат 3995 (72.4%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

«Дар як шабонарузи охир 61 нафар шаҳрвандоне, ки зери назорати табибон қарор доштанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодааст. Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: