Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Каронавирус 1,2 миллион одам ва 7 ҳайвонро мубтало кард

Каронавирус 1,2 миллион одам ва 7 ҳайвонро мубтало кард

8-04-2020, 11:22
Хабарро хонданд: 49 нафар
Назарҳо: 0
Каронавирус 1,2 миллион одам ва  7 ҳайвонро мубтало кард
Дар штати Ню Йорки ИМА ҳафт ҳайвони ваҳшӣ ба коронавирус мубтало шудаанд. Гуфта мешавад ҳайвоноти гирифтори ин вирус, чор паланг ва се шер мебошанд.Аломатҳои коронавирус дар вуҷуди ҳайвонҳо охири моҳи март пайдо шудааст. Гумон меравад, ки вируси мазкур ба вуҷуди даррандагон аз кормандони боғи ҳайвонот гузаштааст.
Тибқи натиҷагирии олимон сирояти коронавирус ба ҳайвон нахустин бор буда, то ҳол дар ҳеҷ ҷои дунё ба қайд гирифта нашудааст.
Ин дар њолест, ки дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 1,2 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон зиёда аз 262 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 69 ҳазор тан гардид.
Дар Франсия шумораи шахсони гирифтор ба коронавируси ба 92 ҳазору 839 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 16 ҳазору 183 нафар ва 8 ҳазору 78 касро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, Франсия баъд аз Испанияву Италия ва Германия чорумин давлати аврупоӣ гардид, ки аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш гузашт.
Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Амрико 336 ҳазору 830 нафарро ташкил медиҳад.
Испания дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 131 646 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 128 ҳазору 948 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия ҳанӯз ҳам мамлакати аврупоие боқӣ мемонад, ки дар он шумораи зиёди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 15 887 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Германия — 100 123, Франсия — 92 839, Чин — 81 708, Эрон — 58 226, Британияи Кабир — 47 806, Туркия – 27 069, Швейтсария — 21 100, Белгия – 19 691, Нидерланд – 17 851, Канада – 15 512, Австрия – 12 051 ва Бразилия — 11 281 ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҳама бештар дар Чин — 77 078 нафар, Испания – 38 080, Германия – 28 700, Италия – 21 815, Эрон – 19 736, Франсия – 17 977, ИМА – 16 183, Кореяи Ҷанубӣ – 6 598, Швейтсария – 6 415 ва Белгия – 3 751 нафар беморон шифо ёфтаанд.
Шумораи кишварњои ба ин вирус гирифторшуда беш аз 205 адад гуфта мешавад.
Суғдмеҳри Маъруфзод


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: