Бо мақсади дар ниҳоди ҷавонон бедор ва мустаҳкам намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, беҳтар намудани ҷараёни тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ, ифтихору ҳувият ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифатнокӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва омухтани таъриху фарҳангӣ миллӣ, ҳидоят намудани ҷавонон ба созандагӣ ва офарандагӣ муайян намудани омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ инчунин ташвиқу тарғиби ҷавонон дар интихоби касб бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-уми феврал рӯзи “Артиши миллӣ” озмуни “Хизмат ба Ватан шарафи бузург аст!” идома дорад.
Озмунҳои навбатӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 26, 23, 35, 70-и ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 5, 16, 55, 66 ҷамоати деҳоти Навбаҳор гузаронида шуд.
Пирӯзиҳо насиби муассисаҳои таълимии №35 ва 16 гардида бо Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар сарфароз гардонида шуд.