Чорабинии ҷавонони ХХДТ «Ҷавонон зидди экстремизм ва ифротгароӣ»25-11-2015, 12:04
Хабарро хонданд: 572 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯрғонтеппа ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Кохи Лоҳутии шаҳри Кӯрғонтеппа байни факултаҳои Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр озмуни маҳфили сиёсию фарҳангии “Зарифон» таҳти унвони «Ҷавонон зидди экстремизм ва ифротгароӣ» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани озмуни маҳфили сиёсию фарҳангии “Зарифон» тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои олии кишвар, аз ҷумла Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин дар ниҳоди онҳо ҷой намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ мебошад. Мавзуъҳои интихобнамудаи иштирокчиён тибқи шартҳои озмун фарогири Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Соли Оила» эълон шудани соли 2015 ва инчунин даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб мерафт ва иштирокчиён вобаста ба ин мавзуъҳо саҳнаҳои гуногун намоиш доданд. Ҳунарнамоии иштирокчиёнро доварон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва намояндагони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав баҳогузорӣ намуданд. Миёни факултаҳои ДДҚ ба номи Носири Хусрав ғолибият насиби Факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиш гардида, ҷойи дуюмро Факултаи забонҳои хориҷӣ ва 4 ҷои сеюмро Факултаҳои Таърих ва ҳуқуқ, Менеҷмент, Физика – математика ва Иқтисодӣ соҳиб гардиданд. Ҷамъбасти озмун ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Ҳозиринро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А.Ализода ба ин санаи таърихӣ табрик намуда, дар охир ғолибони Маҳфили “Зарифон” бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа қадрдонӣ карда шуданд. Барои ҷои якум телевизор, барои ҷои дуюм гармкунаки барқӣ ва барои ҷойҳои сеюм ҷамъи таҷҳизотҳо барои ошхона тақдим карда шуданд. Маҳфили сиёсиву фарҳангии “Зарифон” тули як моҳ давом дошт. Дар ин муддат зиёда аз 12 ҳазор донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолона иштирок намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.