Баргузории мусобиқаи варзишии картингронӣ аз ҷониби "Созандагони Ватан "- и шаҳри Норак12-11-2015, 10:57
Хабарро хонданд: 492 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақшаи чорабинии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзиш» дар якҷоягӣ бо бахши ТҶҶ «Созандагони Ватан», ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» ва ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳр мусобиқаи варзишии картингронӣ дар байни аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак гузаронида шуд.
Дар мусобиқа 10 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок варзиданд. Мусобиқа чунин натиҷа дод: Ҷойи якум насиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10. Ҷойи дуюм насиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22. Ҷойи сеюм насиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ба номи А.Мирзоев сазовор гаштанд. Ғолибони дастаҳо бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравии бахши ТҶҶ «Созандагони Ватан», бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва шуъбаи маориф қадрдонӣ карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.