Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУСАВВАРАИ РАССОМИ ТОҶИК АМРИКОРО ТАСХИР КАРД

МУСАВВАРАИ РАССОМИ ТОҶИК АМРИКОРО ТАСХИР КАРД

6-10-2020, 14:07
Хабарро хонданд: 744 нафар
Назарҳо: 0
МУСАВВАРАИ РАССОМИ ТОҶИК АМРИКОРО ТАСХИР КАРД
Мусаввараи рассоми навовари тоҷик, барандаи ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” дар Амрико–академик Зокир Собиров дар озмуни рассомии Амрико – «Мавҷи ҷадиди санъати муосир», ки дар равияи «Танворизм» ба озмун пешнҳод шуда буд, сазовори нишони тиллои «ИНТИХОБИ ҲАКАМОН» гардид.
Мусаввараи пешниҳоднамудаи Зокир Собиров «Фарёди солҳои 90» ном дошта, варшикастагии фарҳангу санъати миллии моро дар даврони нобасомонии ҷанги дохилӣ бозгу намуда, мушкилоти соҳаи санъат дар шакли рамзу аломатҳо тасвир гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки қаблан низ ба мусаввараҳои ин рассоми шинохтаи тоҷик дар чандин озмунҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, баҳои баланд дода шудааст. Зокир Собиров моҳи сентябри соли 2016 бо мусаввараҳои худ дар намоишгоҳи байналхалқии "Арт ЭКСПО —2016" дар шаҳри Дунхуани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок кард. Президенти Академияи рассомони Русия Зураб Константинович Сиретелий дар намоишгоҳ осори рассоми тоҷикро дида, ба ӯ баҳои баланд дод ва ба Президиуми академия пешниҳод кард, ки Зокир Собиров ба узвияти Академияи Рассомони Русия қабул шавад. Ҳамин тариқ, санаи 18 октябри ҳамон сол Зокир Собиров дар шаҳри Москва бо шаҳодатнома, нишони тиллоӣ, дафтарчаи узвият ва ифтихорномаи Академияи рассомони Русия қадрдонӣ шуд.
Ёдрас мешавем, ки равияҳои «Нурворизм» ва «Танворизм» равияҳои навтарин дар санъати тасвирии ҷаҳонӣ буда, дар Амрико, Чин, Русия ва Украинаву Белорусия эътироф гардидаанд. Зокир Собиров асосгузори ин ду равияи рассомӣ буда, қаҳрамонони асарҳои ӯ чеҳраҳои саршиноси санъату фарҳанг ва сиёсати ҷаҳонӣ мебошанд.
И.ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: