Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ваҳдат: Мактаббачагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

Ваҳдат: Мактаббачагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

12-07-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдат: Мактаббачагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии литсеи Темур Собиров дар шаҳри Ваҳдат барои солимгардонии кӯдакону наврасон барои 60 нафар мактаббачагон истироҳатгоҳ ташкил карда шуд.

Тавре Амиршоҳ Яқубов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат иттилоъ дод, дар истироҳатгоҳ шароити истироҳату фароғат таъмин буда, ба мактаббачагон се вақт хӯроки гарм дода мешавад ва муҳим аз ҳама бо онҳо бозиҳои гуногуни шавқовар аз қабилӣ «Офарин», «Кани духтарон», «Кани писарон» ва шашкаву шоҳмот гузаронида шуд, ки ба мактаббачагон писанд гардид.

Роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии литсеи Темур Собиров бинобар натиҷаи хуб додани ташаббус тасмим гирифтаанд, ки дар соли оянда чунин истироҳатгоҳҳоро барои зиёда аз 100 нафар ташкил намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола пас аз анҷом соли хониш барои солимгардонии мактаббачагон дар асоси фармони вазири маориф ва илми кишвар дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ истироҳатгоҳҳои гуногун ташкил карда мешавад.
Ваҳдат: Мактаббачагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Ваҳдат: Мактаббачагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Ваҳдат: Мактаббачагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: