Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Режиссёр ҳам дирежёр ҳаст…

Режиссёр ҳам дирежёр ҳаст…

12-09-2018, 07:56
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
  Режиссёр ҳам  дирежёр ҳаст…

Дар бисёр мавридҳо қаламбадастон режиссёрро ба дирежёр шабоҳат медиҳанд, зеро ҳар ду раҳбалад, раҳнамо ва офаранда ҳастанд ва агар яке дар саҳна раҳбалади ҳунари актёрон бошад, дигаре барои ромишгарон дар ансамбл раҳнамост…


Тоҳир Собиров-коргардон, ҳунарманд, сенариянависи тавоно, аз зумраи он шахсиятҳое буд, ки дар ҷаҳони санъати кинои тоҷик манзалати ниҳоят баланде пайдо карда буд. Ӯ тавонист бо филмномаҳои офаридаи худ дар жанрҳои мухталифи кино, номи миллати тоҷикро дар арсаи байналлмиллалӣ баланд бардорад. Филмномаҳои офаридааш дар чандин озмун ва фестивалҳои байналмиллалӣ сазовори ҷоиза ва унвонҳои баланд гардидаанд.
Зиндагиномаи Тоҳир Собиров ба назар хеле содда ва оддӣ мерасад. Дар шаҳри Душанбе 21-уми декабри соли 1929 ба арсаи олам чашм кушодааст. Дар солҳои 40-уми асри гузашта дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси ҳунарманди балет фаъолият намудааст ва соли 1951 факултаи актёрии Донишкадаи театрӣ-бадеии шаҳри Тошкандро ба итмом расонида, муддате ба донишҷӯёни гуруҳи тоҷикии омӯзишгоҳи театрии ба М.С. Щепкин ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст. Соли 1956 факултаи коргардонии ГИТИС хатм намуда, ба Душанбе омад ва ба сифати коргардон дар киностудияи Тоҷикфилм ба кор пардохт.
…Солҳое, ки дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолият мекардам, дар назди худ мақсад гузошта будам, ки дар бораи ин марди бузург очерки телевизионӣ менависам. Бо коргардонҳои шинохтаи телевизион, ки хатмкардагони Донишкадаи театрӣ- бадеии шаҳри Тошканд буданд, Наим Латифов, Сафо Содиқов, Далер Абдухолиқзода, (руҳашон шод бод) мақсадамро гуфтам. Устодон матлабамро пазируфтанд ва аз Сафо Содиқов хоҳиш карданд, ки дар ин кор ба ман кӯмак расонад, зеро он кас бо Тоҳир Собиров ошноии хеле наздик доштанд. Аммо мутаассифона вохӯрии ман бо ин марди бузург ба вуқу наомад. Дуюми майи соли 2002 Тоҳир Собиров аз сафари хориҷ ба Душанбе бармегардад ва шабона дар хонааш нобаҳангом вафот мекунад. Баъдан дар бораи фаъолияти эҷодӣ, дараҷаи филмофарияш навиштам, аммо бе ӯ…
  Режиссёр ҳам  дирежёр ҳаст…
Аз нигоҳи таҳияи филмофарӣ Тоҳир Собиров нигоҳи баланди офаридан, навиштани сенария ва интихоби ҳунармандонро дошт. Зимни танзими филмнома кушиш мекард, кӣ наворҳо мувофиқ ба мазмун ва мундариҷаи он ҷо ба ҷо гузошта шаванд. Яке аз паҳлуҳои хуби кории Тоҳир Собиров дар он буд, ки дар интихоби ҳунармандон хато намекард. Вобаста ба образи интихобшуда, симои зоҳир ва ботини актёронро ба инобат гирифта, ба онҳо нақшҳоро тақсим мекард. Дар бисёре аз филмҳои офаридаи ӯ актёрони номи аз тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳатто аз хориҷи дури кишвар даъват мешуданд. Ин мазмунро дар силсилафилмҳои «Шаби охирини Шаҳрзод» (1987) бараъло мушоҳида мекунем. Дар филми мазкур ҳунармандони шинохтаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Елена Тонунц, Улуғбек Музаффаров, Тамара Яндиева, Гада Альшама, Абдусалам Аль-Таийб, Мазҳар Альҳаким, Геннадий Четвериков, Хайсам Балани, Иван Гаврилюк, Зарина Хушвахтова, Убайдулло Омон, Бурҳон Раджабов нақшҳо офариданд.
Яке аз вазифаҳои асосии коргардони филм интихоби гуруҳҳои корӣ буда, эҷоди филм фаъолияти дастаҷамъона мебошад. Гуруҳҳои корӣ бояд тарзе интихоб шаванд, ки дид ва нигоҳи хуб дар офаридани филм дошта бошанд. Тоҳир Собиров ин маъниро ба хуби дарк мекард ва пайваста кушиш мекард, ки ҳангоми сабти филм ҳам гуруҳҳои эҷодӣ ва ҳам гуруҳҳои техникӣ дастаҷамъона фаъолият намоянд.
Яке аз филмҳои нахустине, ки Тоҳир Собиров офарид, филми «Писарро бояд хонадор кард», ки 1959 руи навор омадааст. Филми мазкур дар жанри мусиқӣ-мазҳакавӣ таҳия гашта воқеаҳои реалиеро дар бар мегирад, ки дар он солҳо байни мардуми деҳот рӯй медоданд. Пеш аз ҳама мавзӯи ишқи ҷавонӣ, бо амри падару модар хонадоршавии ҷавонон, муносибати одамон байни ҳамдигар ва дигар паҳлуҳои зиндагиномаи мардуми деҳоти ҳамон давра рушану возеҳ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ба назар чунин мерасад, ки сужаи ин филм хеле содда ва оддӣ аст ва мавзӯи интихобшуда гӯё барои тамошобин мавқеияти хуб надорад, аммо дар асл чунин нест. Сараввал бояд иброз дорем, ки ин филм, воқеиятҳоеро дар бар мегирад, ки то андозае ҳамон давра доғи рӯз буданд. Шояд нигоҳи ҷавонони имрӯза ба филм дигар бошад, аммо бароямон зиндагиномаи гузаштаи на чандон дурро ифшо месозад.
Тоҳир Собиров дар тӯли фаъолияти 45 солаи худ 26 филнома таҳия намуда, дар чандин филмҳои дигар ба ҳайси коргардони дуюм ва ҳунарманд нақшҳо бозидааст. Филмҳои «Шоҳсанам ва ғариб» (1963), «Марги судхур» (1966), «Хиёнат» (1967), «Хати парвоз» (1970), «Зане аз роҳи дур» (1978), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980), «Боз як шаби Шаҳрзод» (1984) ва боз чандин филмномаҳои дигар ба эҷод ва таҳияи ӯ тааллуқ доранд.
Бо бузургтарин ҳунармандони давр София Туйбоева, Аслӣ Бурҳонов, Марад Орипов, Дилбар Қосимова, Ҷаҳон Саидмуродов, Розия Акобирова ва дигарон ҳамкорӣ намудааст.
  Режиссёр ҳам  дирежёр ҳаст…
Инҷунин дар даврони Шӯравӣ корнгардонҳои филмномаҳоро водор мекарданд, ки ҳунармандонро ба хотири расмият аз байни дигар халқияту миллатҳо интихоб карда, ба навори филм даъват кунанд. Дар ин боб Тоҳир Собиров хеле устодона кор кардааст. Ҳунармандони даъватӣ аз байни дигар халқияту миллатҳо чеҳраи тоҷикона дошатанд ва ҳангоми нақшофарӣ аз расму русуми шарқиёна бархурдор буданд. Маслан дар силсила филми сеюми «Шаби охирини Шаҳрзод», ки дар якҷоягӣ бо киногарони Сурия, соли 1987 сабт гардид мазмуни дар боло зикр гардида бараъло мушоҳида карда мешавад.
Заҳмат ва хизматҳои коргардони шинохтаи тоҷик аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, бо чандин ордену грамотаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Соли 1967 барои филми «Марги судхур» дар Тошканд сазовори дипломи дараҷаи аввали Кинофестивали байнадлмиллали мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ гардид. Соли 1987 дар кинофестивали байналмиллали Қоҳира сазовори шоҳҷоизаи «Тӯби тиллоии Дамаск» барои филми « Боз як шаби Шаҳрзод» шуд.
  Режиссёр ҳам  дирежёр ҳаст…
Умуман хизмати Тоҳир Собиров дар арсаи олами кинои тоҷик хеле зиёд аст ва аз худ барои мо филмномаҳои зиёде боқӣ гузоштааст, ки баъди садсолаҳо ояндагон онҳоро тамошо карда номашро ба некӣ ба забон меоранд.
Тоҳир Собиров зебоиро ниҳоят дӯст медошт ва зебопараст буд. Шахси ниҳоят самимӣ ва заминӣ ба назар мерасид ва бо ҳама муносибати хайрхоҳона дошт. Ҳамкоронаш нақл мекунанд, ки ҳар боре ба майдони сабт меомад чашмонаш медурахшиданд ва лабонаш ҳамеша моили табассум буданд.
Дар бисёр мавридҳои корӣ дар тан пиҷаки ҷинсие дошт ва ин пиҷак барояш хеле азиз буд. Зимни бо мо суҳбат кардан ҳамсояҳояш нақл карданд, ки ӯро ҳамеша бо ҳамин пиҷаки чинсияш медиданд. «Ҳар бегоҳ бо мо салому алейк карда, бо ҳамон пиҷакаш вориди хонааш мешуд, воқеан он пиҷак зебаш медод»- табассумкунон мегуфттан ба мо…
Дарвоқеъ, ин пиҷак сир ва мазмуни дигаре дорад ва барои тавзеҳи он вақти зиёде лозим аст…
Боқӣ шумо донед…

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: