Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намоиши асарҳои Олим Камолов ва духтараш

Намоиши асарҳои Олим Камолов ва духтараш

23-04-2018, 11:55
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Намоиши асарҳои Олим Камолов ва духтараш
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ифтитоҳи намоиши асарҳои минётурии рассоми шинохтаи тоҷик, устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Олим Камолов ва духтари ӯ Бону Камолова баргузор шуд.Дар намоиш зиёда аз 30 асари минётурии рассоми шинохта ва духтари ӯ, ки шогирди аввалинаш аст, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Намоиши асарҳои Олим Камолов ва духтараш
Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дар бораи аҳамияти фарҳангу санъат дар ҳаёти маънавии инсоният ва таърихи санъати тасвирии минётурии тоҷикон маълумоти муфассал дод. Ба гуфти ӯ Камолиддини Беҳзод — барҷастатарин рассоми тоҷик, барои шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудани ин намуди санъат ва рушди он саҳми беандоза дорад.
"Олим Камолов, ки зиёда аз 20 сол инҷониб бо санъати минётурӣ машғул аст ва осори Камолиддини Беҳзодро меомӯзад, барои аз нав эҳё намудани ин намуди санъати тасвирӣ хизмати беандоза кардааст" — гуфт Ясмин Гуедар.
Меҳмонон, ки намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ВАО ва ҳаводорони санъати тасвирӣ буданд, тавонистанд, ки аз осори Олим Камолов ва Бону Камолова баҳраи
Намоиши асарҳои минётурии Олим Камолов ва Бону Камолова дар қароргоҳи сафорати Фаронса дар Тоҷикистон барои мухлисону ҳаводорон тӯли як моҳ боз хоҳад буд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: