Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУШХАБАР! Бори аввал олими тоҷик соҳиби медали тиллои Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» гардид

ХУШХАБАР! Бори аввал олими тоҷик соҳиби медали тиллои Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» гардид

7-06-2018, 14:08
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
ХУШХАБАР! Бори аввал олими тоҷик соҳиби медали тиллои Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» гардид
Июнь 7, 2018 10:38

ДУШАНБЕ, 07.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» («Юридические термины и их лингвистические особенности») -и доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия, асосгузори юрислингвистикаи тоҷик Туғрал Шокиров бо назардошти муҳимият ва аҳамияти илмию педагогӣ дар намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» соҳиби медали тилло гардид.

Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж ҳамасола доир гардида, Туғрал Шокиров аввалин олимест, ки бо чунин ҷоиза сарфароз мегардад.

Тавре академик Туғрал Шокиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, дар асари мазкур хусусиятҳои истилоҳоти ҳуқуқ аз лиҳози луғавию маъноӣ ва сохторию мантиқӣ аз замонҳои қадим то имрӯз таҳқиқ шуда, он метавонад ба густариши асосҳои методологии истилоҳшиносии тоҷик мусоидат кунад.

Ба гуфтаи Туғрал Шокиров, асари илмии «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» аввал дар намоишгоҳи китобҳо, ки сентябри соли 2017 дар Москва ва октябри соли 2017 дар Франкфурти лаби Майн доир шуда буданд, соҳиби ҷоиза гардида, сипас ба Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж роҳ ёфт.

«Маросими ҷоизасупорӣ 15 марти соли равон баргузор гардид, мутаассифона, ман дар он иштирок надоштам. Рӯзҳои наздик ният дорам, ки барои гирифтани медали тилло ва диплом ба шаҳри Париж сафар намоям. «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» китоби 24-уми ман буда, бо забони русӣ таълиф гардидааст. Ният дорам, ки онро то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба забони тоҷикӣ баргардон кунам»,-гуфт академик.

Мавриди зикр аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби олимони соҳаи забоншиносӣ таҳияи луғатҳои истилоҳотӣ ва соҳавии гуногунҳаҷм, асарҳои илмию тадқиқотӣ, китобҳои дарсӣ бо сабки нав бар пояи дастовардҳои навини илмӣ ба рушди илми забоншиносии тоҷик замина гузоштанд.

Академик Туғрал Шокиров аз зумраи олимонест, ки асарҳояш асосан ба масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бахшида шуда, соҳиби чандин ҷоизаву дипломҳо гардидааст. Ҳамзамон мавсуф асосгузори юрислингвистикаи тоҷик буда, роҷеъ ба юрислингвистика ва лингвоюристика тадқиқоти арзишманд анҷом додааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: