Дар меҳмонии аскарбачаҳо19-02-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Дар арафаи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амали некро пиёда намуданд. Бо ташаббусу роҳнамоии онҳо як гуруҳ занону модарони сарбозон, дар ҳайати сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гулчеҳра Наимова, сардори Раёсати Агентии давлатии шуғли меҳнат ва муҳоҷирати вилоят Аслбӣ Денбегиева, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқадори меҳнат Гавҳарбӣ Пиракова ва дигар занони номдори ноҳия меҳмони сарбозони қисми ҳарбии дар ноҳиябуда гардиданд. Сараввал меҳмонон бо шароити буду боши аскарбачаҳо шинос шуда, барои фароҳам овардани шароитҳои зарурии хизмат ба роҳбарияти қисми низомӣ изҳори сипос намуданд.
Баъдан дар ҳавлии қисми низомӣ вохӯрии меҳмонон бо аскарбачаҳо доир гардид, ки зимни он аз ҳаёту корномаи падарону бобоён нисбати ватандорию ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, ифтихори миллӣ, дӯстию рафоқат ва ваҳдати миллӣ ибрози назар карда шуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ дастаи ҳунарии идораи фарҳанги ноҳия хотири меҳмонону сарбозонро бо барномаи ҷолиби ҳунарӣ шод намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.