Муҳофизони Ватанем15-10-2015, 14:20
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия мутобиқи нақша-чорабинии корҳои тарбиявии ҷавонон дар давраи омодагиҳо ва сафарбаркунии онҳо ба маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон гуруҳҳои кории таблиғотӣ аз ҳисоби занон ва ҷавонон ташкил намуд ва ин гуруҳ дар байни аҳоли суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодааст.
Ҳамзамон, барои тақвият бахшидани даъвати тирамоҳии сарбозон, якҷоя бо волидайн, ҷавонон, фаъолони ҳизб, раисони маҳаллаҳо ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия ба аёдати сарбозони қисми низомии 2610, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, рафта, вохӯрӣ аз буду боши онҳо гузаронид. Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш барои суҳбат намудан бо волидайн ва баён сохтани раванди гузариши хизмати Ватан-модар дар қисми низомии 2610, алоқа тавассути телефони мобилӣ ва интернет барои сарбозоне, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳуриянд, фаъолтар гардонида шуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ, аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаи ноҳия ба қисми низомии мазкур туҳфаҳои хотиравӣ барои ҳавасмандгардонии хизматчиёни ҳарбӣ ба хизмат, тақдим карда мешавад. Дар ин замина, ҳамчунин ду маротиба вохӯрӣ бо ҷавонон ва сарбозони қисми низомии мазкур ташкил гардида буд, ки ҷавонони ноҳия аз раванди гузариши хизмати ҳарбӣ худ шоҳид гардиданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо Комиссарияти ҳарбии ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар назар доранд, ки мутобиқи нақшаи кории кумиҷроя, дар маркази ноҳия, ҳангоми баргузории чорабинии фарҳангӣ, бахшида ба гусели наваскарон ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксия таҳти унвони «Мо хомиёни ин Ватанем», бо иштироки 800 нафар ҷавонон, баргузор намоянд. ©З. Атавуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавононӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.