
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо, санаи 28-уми декабр бо афсарону сарбозони қисми низомии дар шаҳри Норакбудаи 051054-и Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ оид ба сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи давлату ҳукумат, барномаи ҲХДТ, ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир намуд, ҳамзамон дар ин ҷамъомад ба онҳо аз боби ватандӯстию меҳанпарварӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, омилҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро суханронӣ карда, онҳоро бо омадани Соли нави мелодии 2016 табрику таҳният намуд. Раванди суҳбат ва дидорбинӣ маълум гашт, ки барои сарбозону афсарони қисми низомии мазкур шароити хуби хизмат фароҳам оварда шудааст.

Инчунин дар ин рӯз аз тарафи аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ба қисми низомӣ, маводи хӯрока, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, шакар, биринҷ, равған - ҷамъ ба маблағи 1200 сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ баҳри болидагии хотири хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» консерти идона пешкаш карда шуд.
©С. Зоиров, мудири шуъбаи таблиғотӣ-иттилоотӣ ва матбуотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрии Норак