Вохӯриҳо дар қисмҳои низомӣ28-12-2015, 07:00
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, дуруст ба роҳ мондани омӯзиши қонунгузории амалкунанда ва Оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию давлатдорӣ, ҳифзи сарзамини муқаддаси Тоҷикистон, ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии афсарону сарбозон, Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар қисмҳои низомӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳавӣ вохӯриҳо баргузор мекунад.
Дар доираи амалигардонии мақсаду мароми зикргардида, муовини раҳбари Маркази мазкур Тағоймурод Орифӣ бо афсарону сарбозони дастаи ҳарбии сохтмонии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва ротаи махсуси зудамали милитсия вохӯрда, оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати низомиён, ташаккули дониши сиёсӣ ва хуқуқии онҳо, дарки ватандориву ватандӯстӣ суҳбат орост. Дар фарҷом афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии зикргардида изҳор доштанд, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукуматро якдилона ҷонибдорӣ мекунанд ва хизмати Ватан-Модарро содиқона ба ҷо меоранд. ©Т. Орифӣ, муовини роҳбари Маркази тарғиботӣ ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.