Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шиносоӣ аз шароити зисти сарбозон

Шиносоӣ аз шароити зисти сарбозон

11-01-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 385 нафар
Назарҳо: 0
Шиносоӣ аз шароити зисти сарбозонГусели нахустин гурӯҳи наваскарон аз ҳисоби ҷавонони вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2015 собит намуд, ки ҳисси ватандӯстии ҷавонон боло рафтаву эшон омодаанд марзу буми ватани худро ба таври шабонарӯзӣ ҳимоят кунанд. Дар рузҳои нахустини гусели даъватшавандагон дар даъвати тирамоҳӣ беш аз ҳазор нафар ҷавонон аз вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ равона гардида буданд.

Муҳаммадшафақи Муҳаммадзоҳир сарбози қаторӣ аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ яке аз он наваскаронест, ки бо сарбаландӣ хизмати Модар-Ватанро баҷо оварда истодааст. Дар рӯзи гусели даъватшавандагон, ки дар он чорабинии бошукуҳ Раиси вилояти Суғд низ иштирок намуда буд, Муҳаммадшафақи Муҳаммадзоҳир баромад намуда, бо ҳисси баланди хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ изҳор дошта буд, ки ҷавонон бар ивази ҷон ин Ватанро ҳимоя хоҳанд кард. Ин ҷавони ватандӯст имрӯз дар қисми ҳарбии 06870-и бригадаи ҳамлаовари десантӣ хидмати хешро пеш мебарад. Дар қатори Муҳаммадшафақ ҷавонони зиёд аз вилояти Суғд дар ин қисми низомӣ қарзи шаҳрвандии худро баҷо оварда истодаанд.

Шиносоӣ аз шароити зисти сарбозонБо мақсади воқиф гардидан аз шароити будубош ва раванди хизматии сарбозон дар асоси дастуру супориш ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ гуруҳи корӣ ба қисмҳои низомии дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода мустақарбуда, равона гардиданд. Гурӯҳи корӣ таи чанд рӯз аз қисмҳои низомии 02615, 2620, 6592 боздид намуда, бо шароити сарбозон шинос гардиданд. Тавре аён гардид, имрӯзҳо дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити муносиби ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳони муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё гардидаанд. Аз хонаи шустушуи сарбозон то ҷойи хоб ва дар маҷмуъ имконияти истироҳату дамгирӣ, донишандузӣ ва дигар шароитҳои маҷуда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Таваҷҷӯҳ намудан ба сарбозон, аёдати онҳо дар соли нав, ки дар асоси дастуру супориши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд руйи кор омад, аз он шаҳодат медиҳад, ки раванди хидмати сарбозону афсарон ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи мақомоти иҷроия қарор дорад.
©Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: