Хобгоҳи умумиҷумҳуриявии аспирантон ба интихобот омодагӣ мебинад1-09-2020, 09:00
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо ҷомеаи мо дар арафаи чорабинии хеле муҳими сиёсие қарор дорад, ки он аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ маданияти баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро ба хотири ободии фардои мамлакат ва наслҳои оянда тақозо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешорӯйи интихоботи президентӣ қарор дорад. Дар фазои солим ва ором баргузор гардидани интихобот барои давлат ва ҷомеаи тоҷикистонӣ бисёр муҳим аст. Чун, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳила рушди устувор ворид гардидааст ва дар ин раванд суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ боз ҳам бештар зарур аст. Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар, ҳамвора дар баргузории чорабиниҳои сиёсӣ пешқадам маҳсуб меёбад. Бо ташаббуси донишгоҳи мазкур дар Хобгоҳи умумиҷумҳуриявии аспирантон, участкаи интихоботии №52 ташкил гардидааст, ки дар он ҷо масъулини хобгоҳ барои хуб гузарондани ин чорабинӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ҳамарӯза корҳои ташкилотиву омодагии ба интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳ гузаронида мешавад. Масъулини хобгоҳи мазкур ба он мутақиданд, ки нтихобот барои кишварҳое, ки демократия ва озодандеширо ҳамчун роҳи тараққиёти давлат ва пешбурди ҷомеа пазируфтаанд, як оинаест, ки вазъияти мавҷударо таври воқеӣ инъикос менамояд. Ҳамзамон , интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад. Гулҳаёи Мадимар
Барои “Минбари Халқ” |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.