Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 46 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешаванд

Дар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 46 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешаванд

9-12-2019, 13:54
Хабарро хонданд: 396 нафар
Назарҳо: 0
Дар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 46 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешаванд
Дар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин бора зимни ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан, 4 декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот рӯзи 1 марти соли 2020 доир мегардад. Муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.

Бояд гуфт, ки аъзои Комиссия нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро муҳокима ва тасдиқ намуданд.

Аъзои Комиссия қарор қабул намуданд, ки дар ҳудуди мамлакат 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил дода шуда, ҳамзамон ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи пешакии интихобкунандагони ин ҳавзаҳо муайян гардид.

Ёдовар мешавем, ки иштирокдорони ҷаласа мутобиқи талаботи қонунгузорӣ намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро тасдиқ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: