Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ

Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ

13-02-2020, 11:47
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Низоми интихобот падидаи муҳими демократия ва маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихобу интихобшавӣ ба вуҷуд меоянд. Ба воситаи интихобот вазифаву мансабҳои олии давлатӣ дар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ ишѓол карда мешаванд. Масалан, ба воситаи интихобот, бевосита яке аз палатаи Маҷлиси Олӣ - Маҷлиси намояндагон ва Сарвари давлат-Президенти ҷумҳурӣ интихоб мешаванд”.
Дар асоси фармони Президент, интихоби вакилони Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии Порлумон 27 марти соли 2020 баргузор мешавад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки 22 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва боқимонда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд. Яке аз нишонаҳои асосии демократӣ будани давлат дар он ифода меёбад, ки ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави он бо кадом тарз амалӣ карда мешавад. Агар ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (масалан, президент, парламент, ҳукумат, низоми судӣ) дар ҳолати истифода аз сохторҳои демократӣ, яъне бо истифода аз усулҳои интихобот, раъйпурсӣ, соҳибихтиёрии халқ, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиходияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ѓайра асос ёфта бошанд, пас, хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳудуди ин давлат режими сиёсии демократӣ амал мекунад. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва моҳияти демократии давлат низ рӯи ҳамин поя қарор дорад. Ҳокимияти давлатӣ бояд мувофиқи иродаи воқеии халқ ташкил карда шуда, ба манфиати халқ нигаронида шавад. Ба маънои умум демократия пурраҳокимиятии халқро ифода мекунад. Яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии шаҳрвандонро ин ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ ташкил медиҳад. Пешвои миллат дар суханрониаш қайд карда буданд, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.
Б. МУДДИНОВ сокини шаҳри Душанбе

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: