Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИНТИХОБОТ: Ба хотири фардои неки Ватан овоз додем

ИНТИХОБОТ: Ба хотири фардои неки Ватан овоз додем

3-03-2020, 10:53
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
ИНТИХОБОТ: Ба хотири фардои неки Ватан овоз додем
Интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба даврае рост омад, ки сокинони мамлакат ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Дар ҳаиқиқат интихобот барои 5 соли оянда фаъолияти мақомоти олии қонунбарор ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро муайян мекунад. Гузориши хабарнигори «Минбари халқ» Алиҷон Ҷӯраев аз ҷараёни интихобот дар яке аз участкаҳои интихоботии шаҳри Ҳисор.
Қитъаи интихоботии №52, воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №-66, деҳаи Тутака, ҷамоати Алмосии шаҳри Ҳисор чун дигар усачткаҳои интихоботии шаҳр серодам аст. Мардум аз пагоҳии барвақт паси қуттиҳои овоздиҳӣ омада, барои фардои неки Ватан раъй медиҳанд. Бино ба маълумоти сардори участкаи интихоботӣ Гулсара Ашӯрова, дар ин участкаи интихоботӣ 1108 нафар интихобкунандагон номнавис шудаанд, ки аз ин миқдор 512 нафарро занон ва 596 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Аз ҷумлаи интихобкунандагон 63 нафар бори нахуст овоз медиҳанд. Қитъаи овоздиҳӣ ҳамаҷониба ҷиҳозонида шудааст ва мардум бо навбат аз рӯихати комиссияи назоратӣ гузашта, варақаҳои овоздиҳӣ мегиранд ва ҳамин тавр, вориди ҳуҷраи алоҳида шуда, ба номзади дилхоҳашон раъй медиҳанд. Ҳамзамон дар варақаҳои интихоботӣ номи 7 ҳизби сиёсӣ ворид шудааст, ки интихобкунандагон мавқеи хешро дар баробари ин аҳзоб муайян мекунанд. ИНТИХОБОТ: Ба хотири фардои неки Ватан овоз додем
Райҳонаи Аҳлиддин аз ҷумлаи он нафароне ҳаст, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунад. ӯ зимни суҳбат гуфт, ки барои шукуфоӣ, оромӣ ва ободии Ватан овоз додааст. «Мехоҳам, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ободу ором бошад ва дар ояндаи наздик дар қатори кишварҳои пешрафтаи қораи Осиё дохил шавад»,-афзуд номбурда.
Тибқи маълумоти масъулини қитъаи овоздиҳи то соати 12:00 наздики 50 дарсади нафарони дар рӯихат шомил буда дар интихобот иштирок карданд.
Раиси ин қитъаи овоздиҳӣ Гулсара Ашӯрова илова намуд, ки «Дар рӯихат як нафар шахси бемор ба қайд гирифта шудааст ва мо ният дорем, ки бо ҳайати комиссия қуттии сайёри овоздиҳиро ба манзили он шахс бурда, иштироки ӯро дар интихобот таъмин намоем».
Имрӯз аз чеҳраи мардум нишонаи қаноатмандӣ ва рӯзгори орому осударо мушоҳида карда, кас хушҳол мешавад, ки бигузор ҳамин фазои орому осудаи кишвар то ба охир пойдор бошад ва мардум бо дили гарму орзуҳои фаровон зиндагии бобаракат дошта бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: