Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Интихоботи парлумонӣ дар фазои озоди демократӣ

Интихоботи парлумонӣ дар фазои озоди демократӣ

4-03-2020, 09:11
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
           Интихоботи парлумонӣ дар фазои озоди демократӣ
Инак, якуми марти соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ дар сатҳи зарурӣ ва ҷавобгў ба талаботи замон доир гардид. Дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ қишрҳои иҷтимоӣ, фаъолони маданӣ ва муҳимтар аз ҳама, аҳзоби сиёсӣ муташаккилона ширкат варзиданд.
Ҳамин тариқ, мақомоти марбута, ташкилотҳои вобаста ва ниҳодҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор намудани интихоботи парлумонӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд. Дар давраи тоинтихоботӣ васоити ахбори умумии расмӣ ва мустақил доир ба мушаххасоти маъракаи интихоботӣ, довталабони арсаи муборизаҳои интихоботӣ, барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ матолиби ҷолиби таваҷҷуҳ пахшу нашр карда, аз ин тариқ мардум ва ҷомеаи тоҷикро бо раванди интихоботи парлумонӣ ошно намуданд.
Интизороте, ки аз тариқи қаблан масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар робита бо сатҳи баргузории интихоботи парлумонӣ иттилоъ дода буданд, дар раванди интихоботи парлумонӣ, ки рўзи якуми март доир гардид, бароварда шуд. Ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ, аҳзоби сиёсӣ ва умуман, мардуми кишвар ба интихобот омодагӣ гирифта, ин маъракаи муҳими сиёсиро бо сарбаландӣ ҷамъбаст намуданд.
Мушоҳидаҳои сарироҳии мо аз ширкати фаъоли мардум ба чанд участкаи интихоботии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе гувоҳи он аст, ки интихобкунандагон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар интихоби вакилони арзанда саҳм гирифтанд. Дигар ин ки интихобкунандагон ба маъракаи интихоботӣ бетараф набуда, бо ҳузури фаъоли худ нишон доданд, ки ба сарнавишти давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон бетафовут нестанд. Зиёда аз ин, мардум дарк мекунад, ки интихоби дурусти вакилон ба парлумони касбӣ раванди қонунписандӣ ва қонунгузориро таҳкиму тақвият мебахшад.
Аммо гурўҳҳои фурсатталаб ва тавтеасоз, ки дар хориҷ аз кишвар худро муфтахирона “мухолифин”-и Ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ карда, дар арафаи интихоботи парлумонӣ ҳангомасозию иѓвопароканиро вусъат бахшида, маъракаи интихоботиро ба масхара мекашиданд, баъди дар фазои итминон ва бовармандӣ озоду шаффоф доир гардидани интихоботи парлумонӣ мулзам шудаанд. Ин гурўҳ ва ташкилаҳои сиёсии ифротӣ, ки дар хориҷ аз кишвар таҳти пўшиши баъзе созмонҳои байналмилалӣ амал сару садо баланд мекунанд, ба хотири халал ворид сохтан ба ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз ҳар шеваи машрўъ ва номашрўъ истифода бурданд, то ин ки нокора ва бекора будани маъракаи интихоботиро исбот созанд.
Вале, тавре ки мушоҳида кардем, интихоботи парлумонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ, сиёсӣ ва маданӣ баргузор гардид. Мардуми кишварамон ба ҷонибдории созандагию тараққиёт ва ободии Ватан овоз доданд.
Мирсаид Раҳмонов,
ходими калони илмии АИ ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: