Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дин, мазҳаб ва ҳувияти миллӣ

Дин, мазҳаб ва ҳувияти миллӣ

18-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 746 нафар
Назарҳо: 0
Дин, мазҳаб ва ҳувияти миллӣ
Маълум аст, ки ислом дини ҷаҳонист. Мардуме, ки ин динро пайравӣ доранд, дорои фарҳангу забонҳои мухталиф буда, дар давлатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Раванди гаравидан ба ислом аз оғози зуҳури ин дини ҳақ оғоз ёфта, то имрӯз идома дорад.

Масъалаи дину мазҳаб ва хусусияти миллӣ ё ҳувияти фарҳангӣ, имрӯз аз мавзӯъҳои муҳим маҳсуб шуда, чӣ дар адабиёти илмӣ ва чӣ дар матбуот мавриди баҳсҳои ҷудогона қарор гирифтааст. Ҳувияти миллӣ ва ҳифзи он дар пояи омилҳои мухталифи фарҳангӣ, сиёсӣ амалӣ мегардад. Бисёриҳо шиква доранд, ки ин намодҳо ба ҳувият ва асолату фарҳанги миллӣ зарба мезананд ва ҳатто роҳҳои аз ҷаҳонишавӣ эмин мондани фарҳанги миллиро ҷустуҷӯ менамоянд. Бархе онро дар пояи диниву мазҳабӣ ҷустуҷӯ доранд. Ҳувияти миллиро бо ҳувияти мазҳабӣ айният медиҳанд.

Ҳатто дар саҳифаи бархе аз нашрияҳо баҳсе ба роҳ андохта шудааст, ки муҳтавои он чунин аст: «тоҷики мусулмонем ё мусулмони тоҷикем. Мо метавонем аввал аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ё аввал аз мусулмон будани худ. Кадомашро дар аввал гузорем ҳувияти миллӣ, нажоди ориёӣ, миллати тоҷик ё мансубияти динию мазҳабии худ?»

Тарафдорони ақидаи дуюм бар онанд, ки рушду нумӯи фарҳанги миллати тоҷик маҳз дар давраи ислом фаро расид. Маҳз ислом тавонист дар фарҳанги миллати тоҷик тағйироти сифатиеро ба вуҷуд орад. Ба қавле дину мазҳабҳои қадима муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳатто маишию оилавиро танзим карда натавонистанд.

Иддае аз уламои ислом адёну оинҳои пеш аз исломиро таҳти танқиди шадид гирифта, иддао доранд, халқи тоҷик танҳо дар давраи ислом ба дараҷаи баланди рушди фарҳангӣ расида, зуҳури давлати Сомониён самараи давраи исломист ва маҳз шароитро барои рушди забон ва адабиёти форсию тоҷикӣ Осиёи Миёна муҳайё сохт.

Лозим ба ёдоварист,ки раванди инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз мафҳумҳои дигареро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва хуб мешуд, масоили зикршуда аз назари васеътар пешниҳод мегардид. Таҳти мафҳуми ҳувияти миллӣ- ҳувияти шаҳрвандӣ, бо дарназардошти эҳё ва ҳифзи ҳувияти миллии халқи тоҷик ба эътибор гирифта шавад.Ба ин тариқ, ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистонро метавон ба сифати яке аз ҷузъҳои ғояи миллии тоҷикӣ қарор дод. Идеали миллии тоҷикӣ- ин идеали мардуми Тоҷикистон аст, ҳувияти миллӣ- ин ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистон, ки тамоми сокинони кишвари мо аз он ифтихор доранд.

Аз ин рӯ, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста ба нажод, забон, дину мазҳаб ва ғайра, ки қисматашонро ба Тоҷикистон пайвастаанд, дар ин ҷо таваллуд шудаанд ё кору зиндагӣ мекунанд, ҳаққи шинохти ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва набояд аз доираи фаҳмиши ҳувияти миллии тоҷикӣ хориҷ гарданд. Ҳувияти миллӣ ва ғояи миллии тоҷикӣ гуфта мо бояд идеали мардуми Тоҷикистонро дар назар дошта бошем.

Ифтихор аз гузаштаи таърихӣ, барои тақвият ва тарбият ҳофизаи таърихӣ аҳамияти калон дошта, бояд барои кору пайкори оянда мавриди истифода қарор гирад. Ҳувияти миллиро имрӯз аз бойгонии таърихии салтанати пешиниён ҷустуҷӯ намудан низ моро ба натиҷаи дилхоҳ оварда мерасонад. Зеро тоҷики асри ХХI аз тоҷики даврони Сомониён ба куллӣ фарқ дорад ва мо ҳаргиз наметавонем барои пешрафти халқу ватан ба қафо баргардем. Зеро имрӯз Тоҷикистон ба проблемаҳои муосир рӯ ба рӯ гардидааст. Ба назари мо имрӯз худи усул ва шеваи баҳс дар атрофи ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ ба маҷрои дуруст надаромадааст. Ҳувияти миллии худро аз давраи ориёиҳою каёниён, пешдодиёну ҳахоманишиниён, сосониёну сомониён ҷустуҷӯ намудан низ аз назари ҷанбаи методологӣ дар шароити имрӯза дархури ҳаллу фасли масъала шуда наметавонад. Чунин иқдом танҳо ба мақсади муаррифии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва бомаърифат намудани шаҳрвандони Тоҷикистон муфид арзёбӣ мешаванд.

Маълум аст, ки ҳар як давлат дорои парчам, суруди милллӣ, нишони давлатӣ, забони миллӣ, тамомияти арзӣ буда, маҳз ин рукнҳо ҳуввияти миллии онро нишон медиҳад. Маҳз ба масъалаи ҳувияти миллӣ, ба назари мо аз ин ҷиҳат бояд наздик шуд, зеро имрӯз дар ҷаҳон кишваре нест, ки танҳо аз як нажод, аз як мазҳаб ва ё як халқият иборат бошад. Дар зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз чандин фарҳангҳо нақшаи хоси худро гузоштаанд. Мисоли ин фарҳангҳо андешаи исломӣ таъсири ҷаҳонбинии коммунистӣ ва таъсири ҷаҳони Ғарб. Пас ҳангоми сухан гуфтан аз ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ мо набояд таъсири ин фарҳангро надида гирем. Агар якеро бар дигаре муқобил гузорем, якеро яктарафа сиёҳ кунем ва дигареро яктарафа тарғибу ташвиқ ва тавсифу таъриф кунем, якеро худию дигареро бегона шуморем, он гоҳ аз назари илмию иҷтимоӣ ва аз назари методологӣ бо иштибоҳоте роҳ хоҳем дод. Чунки ҳар яке аз ин фарҳангҳо арзишҳои қобили қабул дошта, хилофи андешаи миллӣ нестанд.

Нахуст бояд эътироф намоем, ки ислом дар зарфи 14 аср дар эътиқод ва афкори мардумони гуногуннажод нақши босазои худро гузоштааст ва барои мардум рaҳнамо аст. Сабаби ҷовидон будани ин дин шинохти мақоми ақл ва хусусиятҳои ахлоқии он аст. Дар ахлоқи исломӣ арзишҳои умумибашарӣ нуҳуфтааст: ба мисли баробарии зиндагонии моддӣ ва рӯҳонӣ баробарӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ, фурӯтанӣ, хизмати ифтихорӣ, масъулияти муштарак, хайру садақа аз ҷумлаи арзишҳои беҳтарини ин фарҳанганд.

Арзишҳое ба мисли ҳуқуқи башар, интихоби шахси лаёқатманд барои роҳбарӣ аз тариқи интихоботи умумӣ, баланд бардоштани мақоми илму маърифат ва истифодаи дониш барои рафъи мушкилоти замони муосир, аз қабили арзишҳое мебошанд, ки дар ҷаҳони Ғарб бештар инкишоф ёфтаанд ва бешубҳа мо ҳам ба онҳо ниёз дорем.

Аз арзишҳои дар фавқ номбаршуда моро ҷои гурез нест. Ин арзишҳоро метавон дар ташаккули андешаи миллӣ истифода кард. Ҳамин тариқа, ҳувияти миллӣ дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеаи Тоҷикистон бояд мафҳум ва доираи васеътареро касб намуда, ба ҳувияти шаҳрвандӣ табдил ёбад.
Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, профессор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: