Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Журналистикаи сиёсии мо дар кадом сатҳ аст?

Журналистикаи сиёсии мо дар кадом сатҳ аст?

25-12-2015, 09:00
Хабарро хонданд: 680 нафар
Назарҳо: 0
Журналистикаи сиёсии мо дар кадом сатҳ аст?
Журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон новобаста аз сохти давлатдорӣ аз давраҳои нашри нахустин рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамеша мавҷуд буд. Фарқ танҳо дар ин аст, ки ин маҳфум дар давраҳои мухталиф ба тарзи гуногун шарҳ дода мешуд. Фаразан агар дар давраи Шӯравӣ журналистикаи сиёсӣ бештар ба масоили байналмиллалӣ дахл менамуду идеологияи як ҳизб ва бартарияти як сохтро таблиғ мекард, солҳои навадуми қарни гузашта фаъолияти он нисбатан густурдатар ва фарогиртар ба назар мерасид.

ДАР
аҳди Шӯравӣ фаъолияти журналистони сиёсӣ бештар дар чорчӯбаи "таблиғу тарғиб"-и як ҳизб маҳдуд мегардид ва онҳо бояд аз ин дид фаъолият менамуданд, ки ягона мавқеи дуруст дар арсаи байналмилалӣ мавқеи Ҳизби Коммунистӣ аст ва сохтори давлатҳои ҷаҳони Ғарб пайваста мавриди интиқод қарор мегирифт.

Журналистикаи сиёсии мо дар кадом сатҳ аст?Солҳои навадум дар Тоҷикистон давраи тавлид ва эҳёи журналистикаи нав, аз ҷумла журналистикаи сиёсӣ гардид. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан ҳам такони ҷиддие ҷиҳати ташаккулёбии журналистикаи нав гардид. Ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ тақозо намуд, ки рӯзноманигорон мавқеъ ва ҷаҳонбинии худро то андозае тағйир диҳанд. Дар Тоҷикистон нахустин рӯзномаҳо арзи ҳастӣ намуданд, ки дигар назари худро оиди ин ё он масъала нисбатан озодтар баён менамуданд. Вале ҳанӯз ташаккул наёфтани мактаби нави журналистика, набудани таҷрибаи кофӣ дар журналистикаи бидуни сензура, тарбия наёфтани рӯзноманигорони насли нав, то андозае фаъолиятро дар ин самт душвор мегардонид.

Хуб дар хотир дорем, ки фаъолияти ҳар як ҳизб, ҳаракат ва ё гурӯҳ, новобаста аз он, ки ба ояндаи ҷомеа ва давлат таъсири мусбӣ ва ё манфӣ мерасонад, ба хотири ин ки як падидаи нав дар фазои сиёсӣ аст, мавриди таблиғу ташвиқ қарор мегирифтанд. Баъдан собит гардид, ки як бахши умдаи ин гурӯҳҳо на ба манфиати ҷомеа, балки ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ фаъолият менамуданд ва ҷиҳати мустаҳкам намудани мавқеи худ дар ҷомеа аз имкониятҳои ВАО ба таври густурда истифода мекарданд.

Имрӯз вазъият комилан тағйир ёфтааст. Тӯли чанд соли ахир мактаби нави рӯзноманигории тоҷик ташаккул ёфт, ки беҳтарин анъанаҳои журналистикаи суннатии тоҷик ва таҷрибаи байналмилалиро фаро гирифтааст. Дар мактаби мазкур даҳҳо журналистони ҷавон тарбият ёфтаанд, ки озодона дар мавзӯъҳои мухталиф баҳс мекунанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ фаъолияти густурда доранд.

Қобили зикр аст, ки дар ин замина журналистикаи сиёсӣ низ то андозае қадамҳои ҷиддӣ гузошта, ба як рукни устувор ва муҳими журналистика ба маънии томаш табдил ёфт. Имрӯз дар аксарияти рӯзномаю маҷаллаҳои ватанӣ новобаста аз шакли моликияташон матлабҳое нашр мешаванд, ки раванди сиёсии дохили кишвар ва минтақаву ҷаҳонро ба таври касбӣ мавриди баррасӣ ва баҳс қарор медиҳанд. Вале, мутаассифона, бояд иқрор шавем, ки ин кор ғолибан дар маҳдудаи рузномаву маҷаллаҳои ватанӣ сурат мегирад, ки ҳанӯз аз ташаккул наёфтани журналистикаи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Ин ҷо суоли матраҳ ин аст аст, оё мо омода ҳастем дар шароити замони муосир, ки раванди сиёсии ҷаҳони хеле печида аст ва ғолибан дар муноқишаҳои байналмилалӣ набарди иттилоотӣ нақши асосӣ ва калидиро мебозад, манфиати миллии худро пешорӯи таҳдидҳое, ки аз ҷониби кишварҳои манфиатдор сурат мегирад, ҳимоя кунем?

Мо ҳамагон шоҳиди он будем, ки дар таҳаввулоти "Баҳори араб" то кадом андоза нақши пойгоҳҳои иттилоотӣ ва ВАО бориз буд. Ҳодисаву воқеаҳо дар ВАО-и кишварҳои манфиатдор танҳо ба суди гурӯҳҳое, ки ҳадафҳои эшонро пиёда мекарданд, шарҳ дода мешуд ва гоҳо аз воқеият фарсахҳо дур буд. Дар натиҷа ормону хостаҳои мардуми бумӣ барои ҳуқуқи зиндагии роҳат ва ором дар ватанаш ба як канор афканда шуд ва низомҳое сари қудрат омаданд, ки вазъи сиёсии ин кишварҳоро ноамн ва зиндагии мардуми оддиро боз печидатару нороҳаттар сохтанд. Идомаи ин бозиҳоро мо имрӯз дар мисоли Ироқ, Либия ва Сурия мебинем, ки аксари ахбору иттилоот аз ин кишварҳо мерасанд, мисли ин ки ба хун оғӯшта аст.

Агар амиқ назар афканем, иллати асосӣ ин буд, ки ВАО дар ин кишварҳо, мақоми худро ҳамчун ягона сарчашмаи дастраси ахбори тоза аз даст доданд. Ҷои онҳоро хабарнигорони хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ишғол намуданд, ки ҳар як узви он ҳуқуқи пешниҳоди иттилоотро дорад ва на ҳамеша дар тафовут аз журналистикаи касбӣ, ахбори дуруст ва дақиқро пешниҳод мекунад. Фаразан дар

Сурия, саҳнаи зинда гӯронидани як нафар аз гурӯҳи муқовиматро, ки аслан навори сунъӣ буд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, барои ба майдон кашидани мардуми шӯрида муваффақ шуданд.

Аз дигар тараф, бо сабаби таъсири фарогири ВАО дар бахши ташаккул ва идора кардани афкори ҷомеа, солҳои охир таваҷҷуҳ нисбати он бештар гардидааст ва он ахиран ба яке аз воситаҳои муборизаҳои сиёсии дохилӣ ва ё байналмилалӣ, новобаста аз он, ки идеологӣ, сиёсӣ ва ё тиҷоратӣ аст, табдил ёфтааст.

Ҳамин тавр, дар шароити муосири глобалӣ кишварҳо ва ширкатҳои бузург барои таъсиси шабакаҳои бузурги Иттилоотӣ мубориза мебаранд, то ки бо истифода аз шиорҳои маъмули "Мо танҳо ҳақиқатро ошкор мекунем", "иттилооти саҳеҳ меҳвари фаъолияти мост" ва мисли ин, ки дар журналистика аслан арзиши воқеӣ надоранд афкору андешаи оммаро идора намоянд. Бубинед, ки имрӯз айнан як хабар ва ё қазия фаразан аз ҷониби ВАО-и Русия ва ё як оҷонсии иттилоотии кишвари Ғарб бо чи гуна тафовут ва ба таври зиддунақз пешниҳод мегардад. Гоҳо фарқ аз замин то осмон аст ва тарҷеҳ додан ба дурустии ахбори яке аз ин манбаҳои иттиллотӣ баъзан комилан ғайриимкон аст.

Дар ин замина, имрӯз мактаби журналистикаи тоҷик, манзури ман ин ҷо факултаву шуъбаҳои журналистикаи макотиби олии кишвар, то кадом андоза қодиранд дар бахши журналистикаи сиёсӣ мутахассисонеро омода созанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ фаъолият карда тавонанд? Манфиатҳои миллии моро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ҳимоя намоянд. Бо забонҳои инглисӣ, русӣ, арабӣ ва мисли ин озодона баҳс кунанд, то мо имконият дошта бошем, ки иттилооти таҳрифнашуда ва воқеиро дар бораи ин ё он масъала, ки ба иммиҷи кишвари мо таъсир мерасонад, аз сарчашмаи асил ва воқеӣ пешниҳод намоем.

Мутаассифона баҳсҳои иттилоотие, ки мо доир ба масъалаҳои калидӣ солҳои охир бо баъзе кишварҳои ҳамҷавор доштем, собит менамояд, ки дар ин бахш мо ҳанӯз пиёдаем ва бо вуҷуди он ки ҳадди аксар ҳақиқат ба ҷониби мост, дар набарди иттилоотӣ баъзан таслим ҳам мешавем.

Мушкили дигаре, ки имрӯз дар журналистикаи мо, аз ҷумла дар бахши журналистикаи сиёсӣ мавҷуд аст, муносибати ВАО бо давлат ва ҷомеа маҳсуб мешавад. Пӯшида нест, ки ВАО бояд байни давлат ва ҷомеа нақши миёнравро анҷом диҳад. Бахусус ин нукта муҳим аст агар манзури мо давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад. Нақши миёнравии ВАО иборат аз он аст, ки бояд манфиатҳои ҷомеаро дар назди давлат муаррифӣ намояд, ба ҷомеа барои ташаккул додани ин арзишҳо ва ҳимояи онҳо кумак расонад, худ ба ҳайси яке аз институтҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол бошад.

Вале гоҳо ба назар мерасад, ки ҳамин муносибати ВАО бо ҷомеа то ҳанӯз ташаккул наёфтааст ва устувор нест…

Фаразан, дар матбуоти даврӣ матлабҳое нашр мешаванд, ки фарогири манфиати ҷомеа аст, вале на ҳамеша ҷомеа онро қабул ва ҳазм карда метавонад. Яъне вокуниш ва акси садо нисбати масъалаи мавриди баҳс баъд аз нашри матлаб тақрибан ба назар намерасад, ки аз бетаваҷҷуҳии ҷомеа дарак медиҳад ва дар натиҷа ин масъала арзиши актуалии худро гум мекунад.

Ва ё аз ҷониби дигар ВАО ба инъикоси масъалаҳое даст мезананд, ки фарогири ниёзҳои ҷомеа нест ва бештар ба манфиатҳои як гурӯҳи маҳдуд мутааллиқ аст. Гоҳо ин баҳсҳо то ба ҳадди примитивӣ аз қабили "бӯсидани даст роиҷ аст ё не", "бояд андозаи риш чанд ваҷаб бошад" ва ё баҳси ду рӯҳонии саршинос сифр пиромуни як масъалаи мазҳабӣ сурат мегирад, ки аз ҳаллу фасли онҳо ба ҷомеа ва хонанда манфиате нест…

Мо бояд фаромӯш накунем, ки бо рушди технологияҳои иттилоотӣ дар кишвари мо солҳои охир имконоти нав барои таъсиси воситаҳои иттилоотии хусусӣ ва гурӯҳӣ пайдо мешаванд. Бахши иттилоот дар ҷомеа ба воситаи хеле қудратманди таъсиррасонӣ ва ташаккули маърифати ҷамъиятӣ табдил меёбад, ки ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои ҷомеа таъсири бузург мерасонад. Дар ин замина журналистика ба ҳайси муҳимтарин сарчашмаи иттилоот ба яке аз рукнҳои асосии системаи сиёсии давлат ва воситаҳои муҳими идоракунии он, ташаккули маърифати ҷомеа ва афкори омма мегардад, ки мо инро бояд ҳамеша мавриди назар дошта бошем.
©Бахтиёр ҲАМДАМ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: